Оператори пешсаф ва навовари кишвар –ширкати Tcell ба муштариёне, ки бештар занг мезананд, опсияи ҷадиди "Бемаҳдуд"-ро пешниҳод менамояд.

Опсияи «Бемаҳдуд» дар дохили шабакаи Tcell зангҳои бемаҳдудро ҳамагӣ бо арзиши 10 сомонӣ барои як моҳ пешниҳод мекунад. Опсия дар тарофаҳои «Алло» ва «Саломатӣ» дастрас аст. Опсия баъд аз ба анҷом расидани бастаи асосии тарофа, яъне ҳангоми фаъол будани хизматрасонии  «Бемаҳдуд» фаъол гардида, зангҳои дохили шабака бемаҳдуд мешаванд.

Пайвастсозии опсия: *500*6#

Ширкати Tcell барои муштариён як қатор тарофа ва опсияҳои навоваронаву муфидро пешниҳод менамояд. Ҳар як муштарӣ худ метавонад тарофа ва опсияи ба худаш мақбулро интихобу пайваст кунад.

Бо тарофа ва опсияҳои ширкат тавассути сомонаи расмӣ https://www.tcell.tj шинос шудан мумкин аст.

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.