Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” санаи 9-уми сентябри соли 2020 иҷрои парвози махсусро бо хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ба нақша гирифтааст.

Тавре дар саҳифаи расмии ширкат дар Facebook хабар дода мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши сафар ба Деҳлиро доранд, бояд раводиди тиббии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистонро аз моҳи марти соли 2020, инчунин маълумотномаи мубтало набудан ба COVID-19 (PCR), ки давоми 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз расидан ба фурудгоҳи таънотӣ дода шудааст, дошта бошанд.

Гуфта мешавад, онҳо инчунин бояд на дертар аз 72 соат то парвоз дар сомонаи www.newdelhiairport.in онлайн-эъломияро пур намоянд.

Ширкати ҳайвопаймоӣ огоҳ мекунад, ки тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд.

“Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд, - қайд мешавад дар хабари ширкат. - Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва хариди чипта лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед”.

Тавре аз сафорати Ҳиндустон дар Душанбе хабар доданд, барои шаҳрвандони Ҳиндустон, ки дар Тоҷикистон қарор доранду ба ватан баргаштан мехоҳанд, доштани раводиди тиббӣ зарурат надорад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки парвоз танҳо ба як самт иҷро шуда, дар бозгашт ба Тоҷикистон мусофирон гирифта намешаванд.

Ширкати “Сормон Эйр” дархост мекунад, ки барои дарёфти маълумоти муфассал ҷиҳати дастрас кардани билет ва дигар масъалаҳои вобаста ба парвоз ба марказҳои маълумотдиҳӣ муроҷиат карда шавад.

Маркази маълумотдиҳии “Сомон Эйр”:

+992 (93) 777 74 59,

+992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50,

+992 (918) 74 33 31,

+992 (98) 586 68 86,

+992 (98) 504 03 65,

[email protected]

Агентии алоқаи ҳавоӣ:

+992 (98) 807 10 00,

+992 (98) 880 87 87,

+992 (93) 501 24 24.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.