Филиали нав бо дархостҳои сершумори тоҷикистониён боз шуда, ирсоли баста (посилка) ва дигар ҳама гуна навъҳои бору маҳсулотро ба тамоми шаҳру навоҳии минтақаи шимоли Тоҷикистон таъмин мекунад.

“Филиали нави мо дар Хуҷанд пурра ирсол ва расонидани баста ва бору маҳсулотро дар минтақаи шимоли кишвар таъмин мекунад, - қайд карданд дар раҳбарияти хадамоти почта. - Бору маҳсулот ба ноҳияҳои марказӣ ва қишлоқу ҷамоатҳои дурдаст расонида мешавад. Минбаъд дар дигар шаҳру навоҳии бузург низ филиалҳои худро кушоданием”.

Қабул ва расонидани бор дар ду шакл бо кафолати баланди нигаҳдории баста - ирсоли маъмулӣ (то 7 рӯз) ва ирсоли фармоишӣ (1-2 рӯз) анҷом дода мешавад. Вазифаи расониданро “Почтаи аср” бо ёрии тарзи муносибати инфиродӣ ба ҳар як фармоишгар ва риояи дақиқи муҳлатҳои расонидан амалӣ месозад.

“Мо барои мизоҷон, намояндагони тиҷорати бузург ва хурду миёна, инчунин шахсони воқеӣ шарики боэътимод шуданием. Яъне барои ирсолу расонидани бору маҳсулот бо вазни аз 10 то 3000 кило натанҳо дар вилояти Суғд, балки ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ имкон дорем”, - гуфтанд дар раҳбарияти хадамот.


Яке аз афзалиятҳои асосии «Почтаи Аср»  муносибати эҳтиёткорона ба бастаи шумо мебошад: бору маҳсулот ба бастаи махусус печонида мешавад, ки барои маълум шудани ғайриқонунӣ кушодани он лентаи махсус дорад.

Бартарияти дигар дар он ифода меёбад, ки пас аз иҷрои фармоиш ҳар як мизоҷ барои шакли барои худаш писанд, аз ҷумла бо паёмак (смс) ё тариқи почтаи электронӣ аз он огоҳ карда мешавад.

Барои дарёфти маълумоти муфассал метавон ба телефони рақами - 770 занг зад ё ба сомонаи www.apost.tj ворид шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.