Таваллудхонаи вилоятии Суғд ба карантин баста шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати тандурустии вилоят хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, таваллудхонаи вилоятӣ бо сабаби дар он ҷо дарёфт шудани аз коронавирус сироят ёфтани чанде аз кормандони тиббӣ ва занони ҳомилаи бистарӣ ба карантин гирифта шуда, онҳо ба Беморхонаи вилоятии Суғд фиристода шудаанд.

Гуфтугӯҳо атрофи баста шудани таваллудхонаи вилоятии Суғд як моҳ инҷониб идома доранд Ин гуфтугӯҳо пас аз фавти мудири таваллудхона Шоира Бузурукова дар моҳи июл оғоз шуданд. Ба гуфтаи сокинон, занони ҳомиларо он ҷо қабул накарда, лекин далели баста шуданро ҳам тасдиқ намекарданд.

Зикр шуд, ки ҳозир занони ҳомидаро дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд қабул карда мешаванд. Шахсонеро, ки таби баланд доранд, баъди гирифтани ташхис ба беморхонаи вилоятӣ мефиристанд.

“Дар таваллудхонаи вилоятӣ корҳои безараргардонӣ ва дигар чорабиниҳои санитариву беҳдоштӣ гузаронида мешаванд. Таваллудхона ба муҳлати 14 рӯз ба карантин гирифта мешавад. Тамоми ҳайати тиббии таваллудхона низ муддати 2 ҳафта дар карантн қарор хоҳанд дошт”, - гуфт манбаъ.

Дарёфти маълумот дар ин бора аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ муяссар нашуд.

Ёдрас мекунем, ки сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки бар асари пандемияи коронавирус 16 тан аз сокинони вилоят фавтиданд.

Ӯ зикр кард, ки аз замони оғози пандемия дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 1938 нафар сироятёфтагон аз COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 1891 нафари онҳо шифо ёфтанд.

Боз 7117 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки сарҳадро гузаштанд, 14 рӯз дар бемрхонаҳо ба карантин гирифта шуда, зери муоинаи табибон қарор доштанд ва пас аз натиҷаи ташхиси манфӣ ба коронавирус, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.