Ҳунарманди маъруфи театру кино, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев ба гумони гирифторӣ ба коронавирус дар Беморхонаи кӯдаконаи клиникии сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз Вазорати тандурустӣ хабар дод.

“Айни замон вазъи солимии ӯ вазнин аст. Ӯ се рӯз пеш дар беморхона бистарӣ шуд. Пештар дар хонааш муолиҷа гирифта, лекин вақте ки вазъаш бад мешавад, наздиконаш бе беморхона оварданд”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, духтурон рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи солимии ҳунармандро аз эҳтимол дур надониста, ба шифои ӯ дар фурсатҳои наздик умедворанд.

Муҳаммадҷон Шодиев дар бисёр кинофилмҳои тоҷикӣ ва беш аз 50 спектаклҳои театр нақш офаридааст. Ӯ зиёда аз 40 сол инҷониб дар соҳаи театру кино фаъолият мекунад. Ҳозир дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода ба омӯзгорӣ низ машғул аст.

Соли 2005 ба унвони “Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон” сазовор дониста шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.