Хабарнигори “Азия-Плюс” аз хоҷагии шикорчигии “Қаратоғ” боздид намуд, ки дар он ба парвариши гавазнҳои холдор машғуланд.

Ин хоҷагӣ ҳанӯз соли 1973 ташкил шуда буд. Он замон гавазнҳоро (беш аз 100 сар) аз Кабардино-Балкария оварда буданд. Ватани гавазнҳои холдор аслан кишвари Приморйе мебошад. Маҳз аз ҳамин ҷо онҳоро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) тақсим карда, ба парвариши он машғул мешуданд, то ки аз онҳо шохи гавазн (панти) ба даст оранд.

Солҳои 80-ум ин дафъа мустақиман аз Владивосток боз як миқдор сар гавазн оварданд. Аввали солҳои 90-ум саршумори гавазнҳои холдор дар ин хоҷагӣ ба зиёда аз 500 сар расид.

Шохи гавазнҳо дар моҳи июн бештар арзишманданд, аз ин рӯ, онро дар мавсими тобистон мебуриданд. Дарозии шохҳо то 80 см ва вазнашон то 1 килоро ташкил медод.

Нисбат ба дигар ҳамҷинсони худ - гавазнҳои бухорӣ, шимолӣ, оҳу гавазнҳои холдор начандон калонанд. Тақрибан 50 кило вазн дошта, модагавазнҳояшон то 100 кило вазн мегиранд. Хӯрокашон аз алаф, шоху барг ва буттамеваҳо иборат аст. Зимистон коҳ мехӯранд.

Ба гуфтаи яке аз коргарони хоҷагӣ, замони шӯравӣ онҳо ба корхонаи дорусозии Маскав то 100 кило шохи гавазн месупориданд, ки дар истеҳсоли доруи панкреатит ва дигар навъи доруворӣ истифода мешуд.

“Шохи гавазн хеле қимат буд ва аз ин рӯ, даромади бадастомада натанҳо хароҷоти хоҷагиро пурра рӯйпӯш мекард, балки ба тамоми хоҷагии ҷангали Тоҷикистон низ фоидаовар буд”, - мегӯяд ӯ.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, робитаҳои иқтисодӣ ҳам қатъ шуданд. Маскав аз қабули шохҳо даст кашида, ашёи хоми тайёршуда беҳуда нигаҳдорӣ мешуд. Дар Тоҷикистон корхонаи дорусозӣ мавҷуд набуд ва ҳоло ҳам нест, ки истеҳсоли панкреатинро ба роҳ монад.

Гала ё подаи гавазнҳоро ҳам давра ба давра нав кардан лозим буд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ хоҷагиҳои гавазнпарварӣ сари ҳар ду-се сол ҳайвонотро байни ҳамдигар иваз (табодул) мекарданд, то ки хушзот шавад. Пас аз солҳои 90-ум, ки дигар чунин имкон набуд, гавазнҳо байни худ ҷуфтӣ шуда, насли нави онҳо сифатҳои саноатии худро аз даст дод. Ин ҳолат беш аз 20 сол давом кард.

Ҳозир вазъ каме тағйир ёфта, чанде пеш аз кишвари Приморйе зиёда аз 20 сар гавазнҳо оварда шуданд. Минбаъд навсозии гала мунтазам сурат гирифта, ояндаи наздик беҳбуди зоти гавазнҳо пешбинӣ шудааст. Чанде қабл президент низ аз ин ҷо боздид намуда, ба рушди чунин тарзи хоҷагидорӣ дастурҳо дод.

1/8

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.