Ба ҳолати шоми 6 сентябр дар Тоҷикистон 8 ҳазору 792 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, давоми ду рӯзи истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 68 нафар афзудааст.

Теъдоди фавтидагон аз ин вирус низ зиёд шуда, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 70 нафар аз ин беморӣ фавтиданд.

Гуфта мешавад, аз оғози пандемия то ин дам 7 ҳазору 581 кас ё худ 86,2% аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Зикр мегардад, ки дар як шабонарӯзи охир 88 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 32 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.