Дар маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон имсол аз се усул — Интернет-пурсиш, пурсиш бо истифода аз планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад.

Бино ба иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз 1 то 15 октябри соли равон гузаронида мешавад.

“Яъне зимни гаштан хона ба хона барӯйхатгирандагон дар баробари истифодаи шакли коғазӣ, паланшетҳоро бо таъминоти махсуси барномавӣ низ истифода хоҳанд кард. Ҳамчунин гирифтани маълумоти зарурӣ тариқи интернет дар назар аст”, - хабар медиҳад Агентӣ.

Агентӣ аз вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо дархост намудааст, ки  ҷиҳати баруйхатгирӣ тавассути Интернет гузаштани кормандон мусоидат намоянд.

“Дар ҳар як вазорату идора ҳуҷраи махсус – терминал бо дастрасӣ ба Интернет таъсис додан лозим аст. Дар ин ҷода кормандони мақомоти омори давлатӣ омода ҳастанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар вазорату идораҳо ба роҳ монанд”, - омадааст дар хабар.

Маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон бори охир соли 2010 доир гардид. То тирамоҳи соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар бештар аст.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, аввали соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 9 млн 452 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.

Дар назар аст, ки  аввали соли оянда шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ ба 9 млн 688 ҳазор нафар мерасад. Афзоиши шумори аҳолӣ 2,5%-ро ташкил хоҳад дод, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин дар ҷаҳон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.