Ба ҳолати субҳи 14 сентябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 9 ҳазору 49 нафар расид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, аз оғози пандемия дар кишвар 72 нафар бар асари ин беморӣ фавтиданд.

Гуфта мешавад, то имрӯз дар мамлакат  7 ҳазору 816 нафар нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.

Зикр мегардад, ки дар як шабонарӯзи охир 110 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 35 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Ҳодисаи фавт ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.