Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони "Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон" Конференсияи байнулмилалӣ ба кор оғоз кард.

Дар ин чорабинӣ, ки аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ӯзбекистон ташкил карда шуд, ҳайати бонуфузи олимону муҳаққиқон ва коршиносони маъруфи кишвари ҳамсоя бо роҳбарии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон академик Акмал Саидов иштирок мекунад.

Олимон ва коршиносони ӯзбек (ҳамагӣ 21 нафар) бо хатсайри махсуси чартерӣ аз Тошканд ба Душанбе омаданд.

Ба ҷуз ҷаласа ва маърӯзаҳо дар мавзӯи зикршуда, инчунин вохӯриҳои ҷудогона низ баргузор мешаванд, ки дар онҳо коршиносон ва мутахасссисони ҳар ду кишвар атрофи маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.