Хонаҳои қадимии тоҷикӣ, ки имрӯз дар Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон боқӣ мондаанд, дар миёни мардуми мо бо номи “хонаи помирӣ” маъмуланд. Аммо сарчашмаи ин меъмории миллӣ, ки фалсафаи бузурге аз фарҳангу  тамаддун ва меъмориву фанноварии моро дар тӯли таърих дар худ гунҷодааст, куҷост? Дар ин матлаб фарҳангшиноси варзида Ҳайдаршоҳ Акбар ин хона ва ин меъмориро тафсири фарҳангиву тамаддунӣ кардааст. Шумо метавонед ба ин нукта ошно шавед, ки ин хона дар ибтидо чӣ ном дошту  бо чӣ далел бунёд шуд ва ҳоло чаро дар ҳоли инқироз асту аммо дар Бадахшон ҳифз шудааст.

 Аз “Авасто”

Дар китоби “Вандидод” (қисмате аз Авасто), фаргарди дуввум, бахши дуввум омадааст: “Он гоҳ Аҳурамаздо ба Ҷам гуфт: Эй Ҷами хубчеҳр, писари Вивангаҳон! Бадтарин зимистон бар ҷаҳони астуманд фароз ояд, ки он зимистон сахт марговар аст. Пас (ту эй Ҷам) он “ВАР”-ҳо бисоз, ҳар як аз чаҳор бараш ба дарозии аспресе ва тухмаҳои рамаҳову сутурону мардумону сагону парандагону оташони сурхи сӯзонро бадонҷо бубар.

... Бадонҷо обҳо фароз тозон дар абраҳаҳои ба дарозии як ҳоср.

... ва бадонҷо марғҳо бирӯён ҳамеша сабзу хуррам, ҳамеша хурданӣ ва накостанӣ.

... ва бадонҷо хона(ҳо) бар пой дор. Ва бадон “ВАР” дареву равзане.

Он гоҳ Ҷам (он) “ВАР”-ҳо бисохт. Ва ин мардумон дар он хонаҳои ВАРҶАМКАТ некзистарини зиндагонанд”.

Ҳайдаршоҳ Акбар
Акс: аз саҳфаи фейсбукии муаллиф

Ин ҷо ба таври кӯтоҳ, гуфтугӯи Аҳурамаздо – Худои яктои офаринандаро бо Ҷамшед аз фаро расидани зимистони сахт ва илоҷи наҷот аз тариқи сохтани “ВАР”-ҳо ва тарзи сохтани онҳоро овардем. Истилоҳи “ВАР” ба маънии паноҳгоҳҳои бузург аст, зеро ба қавли Вандидод дар даруни ин “ВАР”-ҳо бояд хона сохт ва марғзорҳо ва нигаҳ доштани набототу ҳайвоноту парандаҳо ва ҳарчӣ барои ҳаёти ояндаи инсон зарур аст. Ва инҳо сохтмонҳои аввалини башар ҳастанд, бо ишора ба ин, ки ...”Ҷамшед гуфт: чигуна ин “ВАР”-ҳо бисозам?” Аҳурамаздо гуфт: “Эй Ҷами ҳурчеҳр, писари Вивангаҳон! Ин заминро ба пошна биспар ва ба даст биварз” (яъне, ба қавли имрӯза шӯридани лой аз хоку об). Он гаҳ ин заминро ба пошна биспард ва ба даст биварзид”.

Имрӯз ҳанӯз дар кӯҳистон деҳаҳое ҳастанд бо номи “ВАР”: ”Варҷуҷ”, “Варфад”, “Варнавард”, ки бешак ишора ба ҳамон “ВАР”-ҳои Ҷамшедист. Ва хонаи “Варҷамкат” –ӣ, ки ишора шуд, ба маънии хонаи Ҷамшедианд. Ин ҷо “Ҷам” – Ҷамшед аст ва “Кат”- хона.

Врҷамкат дар куҷо боқӣ мондааст?

Вожаи “КАТ” ҳам ба шакли “кад” (хона) ва “кадък” (хонаи хурд) ҳоло ҳам мавриди истифода аст. Ин хонаи Ҷамшедӣ (Варҷамкат) имрӯз дар ҳудуди Дарвози Афғонистон то ба Ишкошими он ва аз ҷамоъати Язгулом то Ишкошими Тоҷикистон ба таври комил дар ҳамон шакли аввалаш вуҷуд дорад, бо ин тафовут, ки дар Бадахшони Тоҷикистон то ҷое бо аносири имрӯзӣ даромехтааст. Яъне хонаҳои навсохти аврупоишаклро бо хонаҳои “Варҷамкат”-ӣ ба ҳам пайванд задаанд, ки шукӯҳу зебоии онро даҳчанд меафзояд. Ва қаблан ҳам дар паҳлӯи “Варҷамкат”-ҳо хонаҳои хурдтаре месохтанд, ки махсуси ҷои хоб буданд ва онҳоро меҳмонхона, муҳимхона, ҳуҷра ва қӯшхона мегуфтанд.

Вале, дар водии Сурхоб, Хингоб ва Панҷоб (аз Дашти Ҷам то ноҳияи Ванҷ, ба истиснои ҷамоъати Язгулом) ин хонаҳоро комилан аз байн бурдаанд, ба ҷуз шумори андаке, ки дигар аз онҳо ҳамчу анбору ҳезумхона истифода мешавад. Эҳтимолан дар Мастчоҳи Кӯҳиву Фалғар, Сари Хосору (ба қавли баъзе донишмандон “Сари Хуросон”) Фархор (ба маънии “Фра” ё “Фар” – нур ва “хор”- хуршед), ки номҳои аҳди Ҷамшедро доранд, осоре аз ин гуна хонаҳо монда бошад. Зеро ҳар ҷо хонаи “Варҷамкат”-ӣ вуҷуд дошта бошад, он нишонаи қаламрави мулки Ҷамшед аст. Ин тарҳи хонаи Ҷамшедӣ бо муҳоҷирати орёиҳо ба Ҳиндустону Ирони феълӣ ва Осёи Сағиру Юнон ҳам бурда шуданд.

Варҷамкат  “хонаи помирӣ” шуд

Акс: Damon Lynch 2010

Яъне ин ишора ба замонест, ки “тамаддуни кӯҳ” (пешерская цивилизация) вуҷуд дошт ва чун бештари замин зери об буд, мардумон дар баландиҳо зиндагӣ мекарданд. Бар асоси ривоёти қавми Орё аввалин шоҳ - Каюмарсро “Кӯҳшоҳ” мегуфтанд, ки Шоҳнома аз он чунин ёд мекунад:

Каюмарс шуд бар ҷаҳон кадхудой,

Нахустин ба кӯҳ андарун сохт ҷой.

Сару тоҷу тахташ баромад зи кӯҳ,

Палангина пӯшид худ бо гурӯҳ.

Оё инсонеро дидаем, ки ба кӯҳ рағбат надошта бошад? Ҳар замоне, ки мушкилаш пеш ояд, рӯ ба сӯи кӯҳ мениҳад. Эҳтимолан ин падида реша дар умқи таърихи кӯҳнишинии ӯ дорад. Бо паст шудани об буд, ки мардум ба дунболи он ба ҳамвориҳо сарозер шуданд.

Ин хона имрӯз бо номи “Катахуна” ва “чид” зикр мешавад, вале азбаски фақат дар қисмати Бадахшони боло боқӣ мондааст, дар берун аз Бадахшон бо номи “хонаи помирӣ” маъмул шудааст. Ҳоло пурсиш ин аст, ки чаро дар минтақаҳое, ки то даҳаи 1970 чунин хонаҳо вуҷуд доштанд, дар як муддати кӯтоҳ аз байн рафтанд. Чаро хонаҳое, ки аз замони Ҷамшед зиндагӣ карда буданду гаҳвораи ин мардум ба ҳисоб мерафт, ба ин содагӣ ҷои худро ба хонаҳое доданд, ки дар асл на маънӣ доштанду на осори маъишат (манзур сохтмонҳои солҳои шастуму ҳафтодум аст).

Дар маънӣ ва аҳамияти хонаи “Варҷамкат”-ӣ беҳтарин таърифе, ки хондааму шунидаам, назари донишманд ва шоир Абдуллоҳи Раҳнамост, ки бо нигоҳи резбинаш тавонистааст ба умқу маънии ин хона ҳакимона нигоҳ кунад. Ӯ мегӯяд: ...”хонаи Бадахшонӣ танҳо як хона нест, хонаи Бадахшонӣ маъбадест, ки хишташ аз армон, чӯбаш аз имон, сақфаш аз ирфон ва тарҳаш аз осмон фароҳам шудааст”. Чӣ қадар зебо ва пурмаъно ва муҳимтар аз ҳама шинохти воқеият.

Касе ки аҳамияту маънии ин хонаро дарк кунад, магар метавонад ба осонӣ аз он ҷудо шавад? Мутаассифона, ин камбуд дар рӯҳу равони мардум русух кард ва зуд аз хонае маҳрум шуданд, ки на танҳо ҷои зисти онҳо буд, балки мактаб ва ба қавли устод Раҳнамо “маъбад”-и онҳо буд. Ин макони ҳамзистӣ, ваҳдат, иҷтимоъ ва касби донишу маърифат буд, зеро дар он маҳфилу нишастҳои қиссахонӣ,  шоҳномахонӣ ва маснавихонӣ баргузор мешуд, ки аз тифл то бузург, зану мард медиданду мешуниданду меандешиданд.

Фақат аз рӯи як равзана бо вуруди нури хуршед ва гардиши он дар даруни хона ҳама фаслҳои солро ҳисоб мекарданду бо қарор гирифтани нури хуршед дар бурҷи Савр замони фаро расидани Наврӯзро бо дақиқтарин ҳисоб муқарар мекарданд.

Ҳар як чиз дар ин хона номи хос ва аҳамияти вижае дошт, ки бо ойини паймону меҳр (митро) ҳамоҳанг буд. Ва ҳамаи ин нишонаҳо дар мақолаи профессори донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фарангис Шарифова дар мавзӯи “Катахуна” бисёр равшан баён шудааст, ки алоқамандон метавонанд аз он истифода кунанд.

Албатта он номҳо бо тағйири дину оин иваз шудаву мазмуни решаии худро аз даст додаанд. Ҳатто дар Маснавии маънавии Мавлоно ҳикоятест, ки шайхе аз муриди худ суол мекунад, ки ин равзана барои чист? Мурид дар посух мегӯяд, ки барои вуруди нури хуршед аст. Шайх ба ӯ мегӯяд, ки равзана барои шунидани садои азон аст, то ба намоз бишитобӣ”.

Варҷамкат дар раванди таҳаввулҳо

Дар солҳои охир, ки сайёҳони зиёде ба Бадахшон меоянд, дар баробари ҷаззобиятҳои зиёди гардишгарӣ, маҳз ба хонаи “Варҷамкат”-ӣ таваҷҷӯҳи вижа нишон медиҳанд. Дар ин хона мардумро дар ҳамзистиву канори ҳам будан ва сафову самимият дармеёбанд. Дурӯғ гуфтану паймон шикастан барои ин мардум бегона аст ва агар аҳёнан чунин иттифоқе биафтад, мавриди эътирози сахти ин мардум қарор мегирад. Ва онҳо ин ҳамаро бо аврупои парешону дур аз муҳаббат, ки фазои бетафовутии инсон ба инсон ҳукмфармост ва вобастагиҳои мутақобил фақат бар манофеи иқтисодӣ қарор гирифтааст, муқоиса мекунанд...

Акс: аз саҳфаи фейсбукии муаллиф

Бидуни шак, бо ворид шудан ба хонаи “Варҷамкат” рӯҳ болида мегардад, эҳсоси озодагӣ ва қаринӣ ба вуҷуд меояд, зеро як замоне он хонаи рӯҳи қавми мо будааст. Бинбар ин, мо бояд ба ин мардум аҳсан бигӯем, ки суннатҳову арзишҳои бисёр зиёди орёиро ҳифз кардаву то ба имрӯз расондаанд. Забон, хона, либос, ҳунар, ахлоқ ва муҳимтар аз ҳама рӯҳи орёии солимро монанди боқимондаи Яғнобиҳо дар вуҷуди хеш маҳфуз доштаву парварида ва то ба имрӯз ба мо расонидаанд. Ва бояд ин арзишҳоро миллати мо ҳифз кунад.

Оини “паймону меҳр” (митро - оини Ҷамшедӣ)-ро, ки оини ирфонист (решаи ирфон аз инҷост), ин мардум ҳамеша дар қалбу ҳофиза ва зиндагии хеш нигоҳ доштаанд ва бо он вориди дини ислом шуданд, бо тафовут аз дигар минтақаҳои қавмамон, ки аз оини меҳр ба зардуштӣ, аз зардуштӣ ба буддоӣ ва аз буддоӣ ба ислом гузаштаанд.

Ҳофиз дар чилу ду ғазали нобаш ёд аз ирфони меҳрӣ мекунад: “Ҳалқаи пири муғон аз азалам дар гӯш аст, Бар ҳамонем, ки будему ҳамон хоҳад буд.”

Орифе бузург аз муосирин дар ситоиши ин оин чунин ёд мекунад:

Ҳамегӯям ва гуфтаам борҳо,

Бувад кеши ман меҳри дилдорҳо.

Парастиш ба мастист дар кеши меҳр,

Бурунанд  з-ин ҷирга ҳушёрҳо.

Варҷамкатро бояд зиндаву ҳамагонӣ кард

Аз ин оин бештар ёд кардем, зеро “Варҷамкат” таҷассуми ҳамин оин аст. Ва манзури мо аз ин суҳбати чист? Аввалтар аз ҳама, ҳадаф ошноӣ бо ин хона ва зинда кардани номи аслии он аст, ки дар ибтидо “Варҷамкат” буда ва бо мурури замон фаромӯшу иваз шудааст ва моро аз таъриху маънӣ ва манзури бунёди ин хона дур кардааст. Ва агар инро мо надонем, ин хона бароямон як чордевори хушку хонаи зисти одӣ ва дур аз маънӣ хоҳад монд.

Ва дуввум зарурати бунёди хонаҳои “Варҷамкат”-ӣ аст, ки моро ба ахлоқи волову арзишманди гузаштагонамон наздик мекунад, зеро он на танҳо  мероси фарҳангии мо, балки хонаи рӯҳи мост, маъбад асту макони муқаддас.

Ва саввум, ин солҳо, ки солҳои сайёҳӣ ва гардишгарӣ эълон шудаанд, зинда кардани ин суннатҳо боиси ҷалби таваҷҷӯҳи бештари ҷаҳониён хоҳанд шуд ва саранҷом эътирофи онҳо ба яке аз конунҳои нахустини тамаддуни башарӣ будани ин сарзамин ва пазириши парчамдории ин тамаддун тавассути мардуми орёии Тоҷикистонро дар пай хоҳад дошт.

Ва, албатта, барои гардишгарии дохилии кишварамон низ муҳим аст, то бубинанд, бидонанд ва мутмаин шаванд, ки ҳамаи онҳо як мардуманду аз як реша.

Ман ҳам, ки дар ин гуна хона таваллуд ёфтаву бузург шудаам (ҳам хонаи бобои модариам ва ҳам падариам), ҳамеша нисбат ба фазо ва моҳияти маънавиву маишатии он эҳсоси дилтангӣ дорам. Бинобар ин, нияти бунёди хонаи “Варҷамкат”-ро кардаам, хонае, ки ҳамон тарҳи ҷаҳони кучак аст, бо он осмону нуру гармияш, ки меъмораш он чӣ аз “Вандидод” бармеояд, холиқи яктост. Аз ин ҷост, ки он эҳсос ва муҳаббати хос қалбҳоро лабрез мекунад...

Ба қавле: “Дар азал додаст моро соқии лаъли лабат, Ҷуръаи ҷоме, ки ман мадҳуши он ҷомам ҳанӯз”.