Ӯ бар ин назар буд, ки дар зиндагӣ бобарор аст, зеро бо шахсони зиёди шоиста вохӯрда, онҳо барояш намунаи хуб буданд.

Сурат Тоймастов, аксбардори тоҷик, сайёҳ ва муассиси ширкати сайёҳии «Pamir Adventures» 11 сентябр ҳангоми ҷарроҳӣ дар синни 59-солагӣ аз олам даргузашт. Ба гуфтаи наздикон, ҳангоми ҷарроҳӣ дилаш аз тапидан бозмондааст.

“Бо даргузашти Сурат як давраи мукаммал моро тарк намуд”, - навиштааст дӯст ва ҳамкасби ӯ Баҳриддин Исомутдинов.

“Дар муаррифӣ ва таблиғи имконоти сайёҳии Тоҷикистон хизмати Сурат хеле арзанда аст”, - изҳор дошт раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода ва изҳори таассуф намуд, ки Сурат ҳоло тарҳу лоиҳаҳои хеле зиёдеро амалӣ карданӣ буд.

Ин ҷо суратгузоришеро аз намунаи аксҳои Сурат Тоймастов манзуратон мегардонем.

1/11

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.