Вазири маориф ва илми Русия Валерий Фалков дар ҷаласаи раёсати фраксияи “Единая Россия” дар Думаи давлатӣ изҳор дошт, ки донишҷӯёни хориҷие, ки имсол ба курси якуми мактабҳои олии Русия дохил шудаанд, моҳи сентябр метавонанд ба қаламрави Русия ворид шаванд, аммо ин ҷо танҳо сари донишҷӯёни кишварҳои сарҳадашон кушода дар моҳи сентябр сухан меравад.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, ба туфайли тартиботи аз ҷониби мақомоти марбута муқарраршуда, ки тасдиқи он ҳамин ҳафта дар назар аст, ҳудуди 25 ҳазор донишҷӯёни соли аввали таҳсил ба Русия омада метавонанд.

Фалков гуфтааст, ба донишҷӯёни курсҳои болоӣ каме дертар иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кардааст, ки мушкили дигар ҳам вуҷуд дорад: донишҷӯёне, ки таҳсилро ба охир расонидаанд, аз қаламрави Русия баромада наметавонанд.

Қобили зикр аст, ки боз шудани сарҳадҳоро беш аз 4 ҳазор донишҷӯёни мактабҳои олии Русия - шаҳрвандони Тоҷикистон интизорӣ доранд, ки 1 ҳазор нафари он ҳамин сол ба курси аввал дохил шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сафорати Русия дар Тоҷикистон, аз 21 август то 13 сентябр аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия 36 хатсайри чартерӣ анҷом дода шудааст.

Бо ин парвозҳо 5432 мусофир, аз ҷумла 177 нафар кӯдакон ба нуқтаи таъинот расонида шудаанд. Аз ин шумор 3816 нафар мусофирон шаҳрвандони Русия, 1615 нафар - шаҳрвандони Тоҷикистон ва 1 нафар шаҳрванди Қирғизистон мебошанд, ки барои вуруд ба қаламрави Русия асос доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.