Дар Тоҷикистон сенарияи филми марбут ба бемории коронавируси COVID -19, ки қарор аст аз сӯйи муассисаи “Тоҷикфилм” филмбардорӣ шавад, омода шудааст. Дар ин бора мудири муассисаи “Тоҷикфилм”  Маҳмадсаид Шоҳиён дар суҳбат бо Asia-Plus изҳори назар кард.

Шоҳиён гуфт, ки сенарияи филм дар ҳоли ба поён расидан аст ва рӯзҳои наздик филмбардории он оғоз мешавад.

“Ҳоло синопсис ё хулосаи достони филм омода аст ва дар назар аст давомнокии он 1 соату 20 дақиқа шавад. Коргардони филм Зайналобиддин Назаров, рӯзҳои наздик шакли ниҳоии сенарияро ба мо пешниҳод мекунад”, - гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки хабари дар бораи COVID -19 таҳия шудани филмро Маҳмадсаид Шоҳиён моҳи июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфта буд.

Ҳарчанд Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, ки ин филм дар тамоми минтақаҳои кишвар филмбардорӣ мешавад, вале аз гуфтани ҳаҷми умуми маблағе, ки барои он масраф мешавад худдорӣ кард. Зеро ба назари вай ҳаҷми маблағ аз қаҳрамонҳо, иншоот ва дигар ҷузъиёти филм вобаста аст. Ба гуфтаи мудири “Тоҷикфилм” дар ин филм ҳамчунин матолиби кишварҳои дигар ҳам истифода хоҳанд шуд, зеро ин як мушкили ҷаҳонӣ аст.

Шоҳиён мегӯяд дар филм нишон дода мешавад, ки чӣ гуна коронавирус ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон зарбаи ҷиддӣ задааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.