Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сабти донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷа таҳсил мекунанду бинобар сабаби қатъи алоқаи ҳавоӣ ба муассисаҳои таълимиашон рафта наметавонанд, оғоз кард.

Дар сомонаи Вазорат хабар дода мешавад, ки бақайдгирии донишҷӯён дар Маркази барномаҳои байналмилалии вазорат ба роҳ монда мешавад.

“Аз донишҷӯёне, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дохил шудаанд ва донишҷӯёне, ки ҳангоми таътил ба Тоҷикистон омада, вобаста ба вазъи эпидемиявӣ ҷорӣ шудани маҳдудият ва баста шудани сарҳадҳо, ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар баргашта натавонистанд, хоҳиш карда мешавад, ки шакли мазкурро бо суроғаи зерин clck.ru/QrPh7 пур кунанд ё маълумоти заруриро ба суроғаи электронии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм - [email protected] ирсол намоянд”, - қайд мешавад дар торнамои Вазорат.

Вазорат дархост мекунад, ки дар муроҷиат ному насаби донишҷӯ, номи муассисаи таълимӣ, зинаи таҳсил ва ихтисос зикр карда шавад.

Аз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки санаи ташкили хатсайрҳо барои парвози донишҷёни тоҷики машғули таҳсил дар хориҷи кишвар алҳол номаълум аст.

“Қарорро Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо паҳншавии коронавирус ва ВКХ Тоҷикистон дар мувофиқа бо сохторҳои ммарбутаи кишварҳои хориҷӣ қабул мекунад. Гуфтушунидҳо оид ба ин масъала ҷараён дошта, лекин қарори ниҳоӣ ҳола маълум нест”, - гуфтанд дар Агентӣ.

Қаблан ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, ду парвози чартерӣ ба шаҳри Минск ташкил кард.

Парвозҳои худро донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Русия таҳисл мекунанд, низ интизоранд. Тибқи маълумоти ВКХ кишвар, шумори онҳо беш аз 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 1 ҳазор нафарашон ҳамин сол дохил шудаанд.

Чанде пеш вазири маориф ва илми Русия Валерий Фалков изҳор дошт, ки донишҷӯёни хориҷие, ки имсол ба курси якуми мактабҳои олии Русия дохил шудаанд, моҳи сентябр метавонанд ба қаламрави Русия ворид шаванд, аммо ин ҷо танҳо сари донишҷӯёни кишварҳои сарҳадашон кушода дар моҳи сентябр сухан меравад.

Дар ҳамин ҳол, ВАО хабар доданд, ки Маскав дар давоми як моҳ алоқаи ҳавоиро бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барқарор карда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.