Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» имкониятҳоро барои пайвасткунии бастаи нодири «Galaxy 20»-ро васеъ мегардонад. Акнун онро  дар бештари намудҳои  пайвастшавандаи  Samsung, аз ҷумла Galaxy Note 20 ва Galaxy Note 20 Ultra,  фаъол кардан мумкин аст.  Соҳибони ин намудҳо ба маъруфтарин видеохостинги YouTube бо арзиши 50 сомонӣ дар як моҳ дастрасии бемаҳдуд пайдо мекунанд.    

Бастаи махсус барои муштариёне, ки смартфонҳои барҷастаи Samsung-ро харидорӣ мекунанд, моҳи май аз тарафи оператори имкониятҳои нави рақамӣ  барои намудҳои   Samsung Galaxy S20, S20 + ва S20 Ultra роҳандозӣ карда шуд. Моҳи сентябр ба ин рӯйхат  Note 20 ва Note 20 Ultra ҳамроҳ карда шуданд. Баста барои дастгоҳҳое, ки  ба Тоҷикистон бо миқдорҳои расмӣ ворид гардида, аз ширкати Samsung  харида шудаанд, дастрас аст. 

«Муштариёни мо аксар вақт смартфонҳои Samsung-ро барои истифодаи фаъолонаи интернети мобилӣ мехаранд. Аз ин рӯ, мо як бастаи нодирро  бо YouTube-и бемаҳдуд таҳия намуда,  бо ин роҳ  яке аз  пешсафони  фурӯшҳоро  бо видеохостинги бениҳоят машҳур  муттаҳид намудем.  Ҳангоми пайдоиши  намудҳои нав  мо имконияти дар онҳо  пайваст кардани «Galaxy 20»-ро барои   тамошои филмҳои дӯстдоштаи худ, машғулиятҳои омӯзишӣ ё видеобарномаҳои таълимӣ бо сифати хеле баланд пешниҳод менамоем», – мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев.      

Дастрасии бемаҳдудро  ба  YouTube бо ёрии  USSD-дархости *0020# пайваст кардан мумкин аст. Моҳи аввали истифодабарии  хизматрасонӣ – ройгон аст, пардохт танҳо  аз моҳи дуюм  гирифта мешавад. Маълумоти муфассал оид ба бастаи «Galaxy 20» – дар сомона ва  дар толорҳои  оператор.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.