Чунин мешуморанд, ки дар Исфара бомазатарин оши палав дар Тоҷикистон пухта мешавад. Дар он ҷо бар ин боваранд, ки як рӯзи бе оши палав сарфи беҳудаи умр аст.

Оши палав дар Исфара дарвоқеъ ҳам “шоҳ”-и таомҳост. Палави Исфара танҳо бо маҳсулоти маҳаллӣ тайёр шуда, равғану гӯшт, сабзиву биринҷро аз шаҳру навоҳии дигар намеоранд. Танҳо намакаш истеҳсоли Ашт мебошад.

“Сирри асосии хуштаъму лазиз будани палави мо дар равғани зағири он аст. Ин равған низ дар Исфара тайёр карда шуда, таркибаш хеле серғизо мебошад. Худатон қазоват кунед, ба ин равған тухмии рапс, харбуз, офтобпараст, чигит, инчунин донаки зардолу ва шафтолу илова карда мешавад. Чунин навъи равғани зағир натанҳо бомаза, балки барои солимӣ ҳам хеле муфид аст”, - мегӯяд равғанкаши авлодӣ аз Исфара Абдухаллоқ Мансуров.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.