Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, сокинони Тоҷикистон аз санҷиши оммавии тестӣ барои муайян кардани коронавирус намегузаранд. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи ин ниҳод дар суҳбат бо “Азия-плюс” гуфт, ки танҳо онҳое аз санҷиши оммавии тестӣ мегузаранд, ки бо шахси сироятёфта тамос дошта бошанд.

Ин дар ҳолест, ки АМИТ “Ховар” бо такя ба шабакаи байнидавлатии “МИР” хабар додааст, ки сокинони Тоҷикистон аз санҷиши оммавии тестӣ мегузаранд ва ҳамарӯза то ҳудуди 3000 нафар санҷида мешаванд.

“Агар дар донишгоҳе ё кадом як муассисаи дигар маълум шавад, ки нафаре ба коронавирус сироят ёфтааст, пас тамоми кормандони он ба таври ҳатмӣ тест карда мешаванд. Ҳамарӯза дар тамоми ҷумҳурӣ 2500-3000 нафар ба таври ройгон аз санҷиши тестӣ мегузаранд”,-гуфт сухангӯйи вазорат.

Ба гуфтаи Вазорати тандурустӣ ҳоло дар кишвар беш аз 10 озмоишгоҳе қодир ба ташхиси коронавирус ҳастанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.