Зебуннисо Қутбиддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ субҳи имрӯз бар асари бемории фишорбаландӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора фарзандаш Диловар Шералӣ дар саҳфаи фейсбукияш хабар дод.

Диловар Шералӣ навиштааст, ки “Шумтарин хабар! Модар аз олам гузаштанд. Ҷаноза дар мазористони Сарманзили Панҷакент баъди пешин баргузор мегардад. Мо ҳоло аз Душанбе ба самти Панҷакент равона ҳастем”.

Диловар Шералӣ субҳи барвақтар навишта буд, ки модараш аз фишорбаландӣ азият мекашад ва хоста буд, ки барои саломатии модараш дуо кунанд.

Зебуннисо Қутбиддинова, ҳамсари Лоиқ Шералӣ баъди даргузашти шавҳараш яке аз чеҳраҳои хонаводагии Лоиқ буд, ки бо расонаҳо дар бораи шоир зиёд суҳбат мекард. Ӯ дар Душанбе, дар мактаби №54-и ба номи Лоиқ Шералӣ омӯзгор буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.