21 сентябр - Рӯзи байнулмилалии сулҳ дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба баргузории як силсила чорабиниҳо оғоз намуданд, ки то аввали моҳи октябр идома меёбанд.

Чорабиниро аз номи Шарикии глобалӣ оид ба пешгирии низоъҳои мусаллаҳона (Global Partnership for the Prevention of Armed Conflict / GPPAC) бар асоси ихтиёрӣ ходимони ҷамъиятӣ аз Қирғизистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барпо мекунанд, ки намояндагони GPPAC дар Осиёи Марказӣ мебошанд.

Дар мактабу боғ, варзишгоҳу дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иқдомҳое шурӯъ гардиданд, ки ба ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ҷиҳати муҳимияти нигаҳдориии сулҳ дар Осиёи Марказӣ равона шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори ташкилоти ҷамъиятии “Журналистика ва демократия” (Тоҷикистон) Фаррух Аҳроров.  

Ба гуфтаи ӯ, дар Ботканд,  Бишкек, Бухоро, Ҷалолобод, Ҷиззах, Конибодом, Қаршӣ, Лайлак, Намангон, Нуқус, Ош, Панҷакент, Тошканд, Урганҷ, Хуҷанд, Исфара ва дигар шару навоҳӣ ҷавонон иқдомҳо дар кӯча, мусобиқаҳои варзишӣ, муколамаҳо оид ба сулҳ, озмуни расми беҳтарин дар асфалт ва дигар чорабиниҳо ташкил мекунанд.

Дар баргузории ин чорабиниҳо ходимони ҷамъиятӣ, маъмуриятҳои мақомот ва сокинони маҳаллӣ кумак мекунанд.

Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо наздикшавии маънавӣ ва фарҳангии ҷомеаи се кишвар барои коҳиши сатҳи шиддат дар минтақа аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.