Бонки осиёии рушд (БОР) грантро ба маблағи 15 млн доллар ба сифати маблағгузории дуюми иловагӣ барои лоиҳаи ҷорӣ оид ба беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ дар Тоҷикистон тасдиқ кард.

Ба воситаи ин грант сохтмони таҳшинҷо (махзан) барои пойгоҳҳои обкашӣ дар низомии обёрии Чубек дар қисмати ҷанубии кишвар маблағгузорӣ мешавад.

Байни низомҳои обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ низоми обёрии Чубек бузургтарин маҳсуб ёфта, майдони 50160 гектарро ишғол мекунад. Дар соли 1950 иқтидори лоиҳавии он 150 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, лекин соли 2013 бар асари кӯҳнаву фарсудашавии низом, партоби ҳадди ниҳоии об тақрибан то 80 метри мукааб дар як сония кам шуд.

Ин ба таҳшиншавӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ, истифода ва хизматгузории начандон хуб вобаста аст, ки ба камшавии майдонҳои обёрӣ, коҳиши самаранокии обёрӣ ва ҳосили пасти зироати кишоварзӣ оварда расонид.

Таҳшингоҳ ба камшавии таҳшинҳои пойгоҳҳои обкашӣ дар каналҳои обёрӣ ва камтар осеб дидани пойгоҳҳо ҳангоми баровардани об мусоидат намуда, дар навбати худ хароҷотро барои истифода ва хизматрасонии техникӣ кам мекунад ва ба ин васила устувории низом баланд мешавад.

Соли 2016 БОР лоиҳаи аввал оид ба дастгирии рушди бахши кишоварзиро дар ҳавзаи дарёи Панҷ дар Тоҷикистон ба воситаи беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ дастгирӣ кард. Соли 2018 БОР аз ҳисоби гранти иловагӣ ба маблағи 6,5 млн доллар барои тақвияти имконот ва рушди ниҳодии Агентии давлатии гидрометеорология ба миқёси лоиҳа тавсеъа бахшид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.