Вазорати тандурустии Тоҷикистон  ба ҳолати 1 июли соли равон дар 40 шаҳру ноҳияи кишвар беш аз 103,6 ҳазор оилаҳои камбизоатро ба қайд гирифтааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, дар ҷаласаи ҳайати мушовара муовини вазир Шодихон Ҷамшед изҳор доштааст, ки давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба ин оилаҳо дар ҳаҷми ҳудуди 16,1 млн сомонӣ (беш аз 1,5 млн доллар) кумаки унвонии иҷтимоӣ пардохт шудааст.

Ӯ қайд кардааст, ки механизми таҷрибавии  кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат бо мақсади коҳиши сатҳи камбизоатӣ аз соли 2011 инҷониб ба таври таҷрибавӣ оғоз гардид.

Ба гуфтаи муовини вазир, низоми номбаршуда нахуст ба таври таҷрибавӣ ё пилотӣ аввалан дар 2 шаҳри вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон роҳандозӣ гардид.

Ӯ таъкид доштааст, ки 1 январи соли 2016 дар 25 шаҳру ноҳияҳо ва аз 1 октябри соли 2016  иловатан 15 шаҳру ноҳияҳои кишвар ба он ҳамроҳ карда шудаанд.

Муовини вазир илова кардааст, ки дар маҷмӯъ давоми 6 соли охир ба зиёда аз 470,5 ҳазор оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи умумии ҳудуди 138, 1 млн сомонӣ кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ механизми таъин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоиро тасдиқ кард.

Мутобиқи он, аз 1 июли соли равон кумакпулии иҷтимоиро оилаҳои камбизоати минтақаҳои зерин мегиранд:

- дар вилояти Хатлон – ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадони, Қубодиён, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомӣ;

- дар вилояти Суғд – ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Спитамен, шаҳрҳои Гулистон, Исфара ва Истиқлол;

- дар Ноҳияҳои тобеи марказ – ноҳияи Варзоб, шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Турсунзода;

- дар Душанбе – ҳамаи чор ноҳияи пойтахт.

Ҳаҷми солонаи кумакпулӣ ба ҳар як оилаи камбизоат 464 сомонӣ (8 нишондиҳанда барои ҳисоб)-ро ташкил медиҳад. Кумакпулиҳо ҳар семоҳа ба маблағи 116 сомонӣ (ду нишондиҳанда барои ҳисоб) тариқи воҳидҳои БДА “Амонатбонк” пардохта мешаванд.

Хароҷоти пардохти кумакпулӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.