Президенти Русия Владимир Путин бори дигар амали фармонеро, ки ба хориҷиёни будубоши муваққатӣ ва доимии муҳлати ҳузурашон дар ҳоли анҷом қарордошта ба боқӣ мондан дар Русия то 15 декабр имкон медиҳад, дароз кард.

Фармони мазкур дар портали расмии интернетии маълумоти ҳуқуқӣ дар Русия нашр шудааст.

Мувофиқи фармон, то 15 декабр ба ҷуз патент ва иҷозатномаи кор, ба хориҷиён дароз кардани муҳлати дигар ҳуҷҷатҳои муҳлаташон дар ҳоли анҷом қарордошта (раводид, иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП), ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ), корти муҳоҷират ва ғайра) лозим нест.

Ҳамчунин тибқи ин фармон, ба шаҳрвандони хориҷие, ки муҳлати амали шаҳодатномаи шахсияташон ба охир  расидааст, иҷоза дода шуд, ки ба давлатҳои худ баргарданд.

Бо ин фармон инчунин амали муҳлатҳои хуруҷи ихтиёрии хориҷиён аз Русия, ки нисбаташон дар бораи ихроҷи маъмурӣ қарор қабул шудааст, боздошта шуд. Ба ин тариқ, то 15 декабр нисбати хориҷиён дар бораи номақбул будани ҳузур, ихроҷ ва истирдод қарорҳо қабул намешаванд.

Ёдрас мекунем, ки  тибқи фармони президенти Русия аз 18 апрел, ба муҳоҷирони корие, ки ҳузурашон то 15 март қонунӣ буд, иҷоза дода шуд, ки то 15 март бидуни ягон монеъа дар кишвар бимонанду ба корашон идома диҳанд. Пас аз ин амали санади мазкур то 15 сентябр дароз карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.