Дар Тоҷикистон кӯдакон ҳам гирифтори бемории коронавирус шудаанд, вале байни онҳо мавридҳои фавт номнавис нашудааст. Дар ин бора як манбаъи муътамад аз Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба иттилои ин манбаъ шумораи беморон зиёд нест, аммо ироаи омор дақиқи кӯдакони гирифтор махфӣ аст.
Манбаъи “Азия-Плюс” мегӯяд, ки сарфи назар аз синну сол ва нишонаҳои беморӣ, волидон бояд фарзандони худро аз ташхиси тестӣ гузаронанд.
“Беморӣ байни кӯдакон ба қайд гирифта шудааст, вале кам. Ҳолати фавт нест. Ин кӯдакон бемориро сабук мегузаронанд. Бо модарони ин кӯдакон машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад”, - илова кард манбаъ.
Вазорати тандурустӣ машвара медиҳад, ки кӯдаконе, ки бо боморони гирифтори коронавирус тамос гирифтаанд бояд ҳатман тест супоранд. Вазорат мегӯяд тест кардани кӯдакон ройгон аст.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати “Азия-Плюс” сару садоҳои марбут ба ин ки кӯдакон ҳоло зиёд ба дарунравӣ ва тасби бадан гирифтор шудаанд, шомили бемориҳои мавсимиянд, ки дар кишвар хуруҷ кардаанд, аммо рабте ба каронавирус надоранд
“Дар ин масъала ҳамарӯза байни мардум суҳбатҳо гузаронида мешаванд, дарунравӣ ва таб инҳо алакай бемориҳои мавсимӣ ҳастанд, ки хуруҷ кардаанд. Бемории ковид бошад умуман коҳиш ёфтааст”, - мегӯяд манбаъ.
Ба иттилои Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми 23 сентябр шумораи умумии беморони мубтало ба COVID-19 дар Тоҷикистон ба 9475 нафар расидааст. Ин шумора нисбат ба як рӯзи гузашта 43 нафар зиёд аст. Шумораи онҳое. Ки аз ин беморӣ фавтидаанд дар Тоҷикистон ба 74 нафар расидааст.
Ситод шумораи шифоёфтагонро имрӯз 8 ҳазору 244 нафарро ҳисоб кардааст, ки , ки нисбат ба шоми гузашта 45 нафар бештар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста