25 сентябри соли 2020 дар дафтари Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон  (AKDN), вохурӣ миёни Намояндаи Доимӣ, сафир Қозидавлат Қоимдодов ва сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳир Ағбар баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои пурсамари байнисарҳадиро дар бахши маориф, тандурустӣ, энергетика, телекоммуникатсия ва аграрӣ миёни AKDN-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶИА баррасӣ намуда, аҳамияти кӯшишҳои муштаракро барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни байнисарҳадӣ таъкид карданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки тавассути купрукҳои байнимарзӣ ҳукумати ҶИА ва Тоҷикистон аз тариқи ҳамкории самаранок бо шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмилалӣ метавонанд дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии ҳар ду кишвар мусоидат намоянд.

Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ барои манфиати муштарак изҳор намуданд.