Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоят машварати корӣ доир намуда, дар он масоили ташкии даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ, ки аз 1 октябр шурӯъ мешавад, баррасӣ шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сухангӯи Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода хабар дод, вазир назди ҳозирин бобати ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбии ҷавонон қатъиян дар доираи қонунгузории кишвар вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аз ҷумла, Шералӣ Мирзо ба комиссарони минтақаҳо дастур дод, ки қабули шаҳрвандонро роҳандозӣ намоянд, то ки волидони даъватшавандагон доир ба масоиле, ки ҳаллаш дар маҳалҳо имконпазир аст, ба сохторҳои ҷумҳуривӣ муроҷиат накунанд.

Ба гуфтаи Маҳмадализода, вазири мудофиаи кишвар аз комиссарони ҳарбӣ талаб кард, ки дар ҷараёни ташкили маъракаи даъват ба хизмат “мушкилот” эҷод насозанд.

Вазир таъкид дошт, ки теъдоди ҷавонони синнусолашон мувофиқ ба даъват чандин маротиба аз талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ зиёдтар аст, ки ин ба бештар даъват кардани ҷавонони саводнок ва солим ба сафи артиши миллии кишвар имкон медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.