Рӯзҳои 28-30 сентябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ эҳтимолияти якуякбора ноустуворшавии вазъи ҳаво дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 29-30 сентябр боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ гардида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ борони бошиддат меборад.

Гуфта мешавад, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа паст шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бо истисно аз ВМКБ шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад ва дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар чангу ғубор ба амал меояд.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ дархост кардааст, ки зимни баргузории корҳо дар саҳро ва манотиқи кӯҳистон эҳтиёткор буда, аз ҷамъоварии ҳезум ва шикор худдорӣ варзанд. Ба беморони дилу раг ва фишори хунашон баланд тавсия дода мешавад, ки ба вазъи солимиашон таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунанд.

Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳнавардӣ хотиррасон менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар мавзеи кӯҳистон қоидаҳои бехатарӣ ва масофаи муқарраршудаи ҳаракатро риоя кунанд, зеро эҳтимоли сангфароӣ вуҷуд дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.