Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифааш дар Facebook доир ба ҳодисаи рӯзи 24 сентябр дар қаламрави намояндагиии дипломатӣ рухдода маълумот ба нашр расонид.

“24 сентябр зимни қабули аризаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва ворид намудан ба рӯйхати парвозҳои чартерӣ, ба корманди сафорат бо расонидани зарари ҷисмонӣ ҳамла содир карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, шахсони ҳамлагар фавран дастгир шуда, айни замон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҷиҳати муайян намудани ҷузъиёти ҳодисаи баамаломада, аз ҷумла мақсади ҳамла чорабиниҳои тафтишотӣ гузаронида мешавад.

“Маълумоти дар ВАО паҳншуда, роҷеъ ба он, ки ҳамла ба корманди сафорати Тоҷикистон дар Маскав гӯё бо сабаби муносибати дағалона бо шаҳрвандон ба вуқӯъ омада бошад, комилан нодуруст аст”, - таъкид мешавад дар маълумот.

Дар ин робита, сафорат аз намояндагони ВАО-и ватанию хориҷӣ даъват ба амал овардааст, ки ҳангоми инъикоси ин ё он, рӯйдоди марбут ба раванди таҳвили шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, бо ҳисси масъулиятнокии бештар рафтор намоянд.

Ҳамзамон, сафорат иттилоъ додааст, ки аз замони қатъи парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Русия то имрӯз, зиёда аз 45 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки як манбаъи наздик ба доираҳои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ба “Asia-Plus”  изҳор дошта буд, ки ин ду кормандро барои муносибати дағалона лату кӯб кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.