Мӯсо Диноршоев, академики Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд лаҳза пеш дар синни 86-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора пайвандони академик Диноршоев хабар додаанд. Ба гуфтаи наздикони академик ӯ вақтҳои ахир бемори бистарӣ буд.

Бино ба иттилои масъулини Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими видоъ бо академик Диноршоев то соати 13.00 дар хонаи эшон ва маросими ҷаноза соати 14.00 дар қабристони чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон - Лучоб баргузор мешавад. 

Мӯсо Диноршоев, доктори илмҳо фалсафа, профессор ва академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки солҳои зиёде мудирияти Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистонро дар ихтиёр дошт. Ӯ бунёдгузори ин пажӯҳишгоҳ буд, ки аз соли 1990 то 2007 онро раҳбарӣ кард. Ҳамчунин ду давра ба унвони ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Дар даврони Шӯравӣ ҳамчунин сардабири Энсиклопедияи шӯравии тоҷик низ кор карда буд.

Диноршоев яке аз донишмандони варзидаи риштаи фалсафа буд, ки дар бахшҳои таърихи фалсафа, ҳастишиносӣ (онтология), маърифатшиносӣ (гносеология), мантиқ , фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсатшиносӣ осори арзишманде бар ҷой гузошт.

Мӯсо Диноршоев 7 ноябри 1934 дар ноҳияи Сангвор дар шарқи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симатҳои мудири шӯъбаи фалсафаи (1968—1986), сардабири Энсиклопедияи шӯравии тоҷик (1986—1988), мудири шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1988—1990), мудир — ташкилкунандаи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1990—1992), директори Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1992—2007) кор кардааст. Солҳои 1995—2000; 2005—2010 ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Мӯсо Диноршоев барандаи  Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011) ва ордени “Шараф” буд.

“Фалсафаи Насриддини Тӯсӣ”, “Ибни Сино ва ҷаҳонбинии фалсафии ӯ”, “Ибни Сино ва нақши ӯ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ”, “Натурфалсафаи Ибни Сино”, “Фалсафаи касратгароии  Абубакри Розӣ” бархе аз сори арзишманди ӯ дониста мешаванд. 

Академик Диноршоев яке аз муаллифони китоби бисёрҷилдаи «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ» мебошад, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ба табъ расидааст. Мӯсо Диноршоев узви ҳайати таҳририяи «Таърихи тамаддуни Осиёи Мар­казӣ» ва узви Шӯрои илмии Институти байналмилалии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ (МИЦАИ) буд ва дар ташкили робитаҳои илмии АМИ Тоҷикистон бо як қатор муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ саҳми зиёд гузоштааст.

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" даргузашти академик Мӯсои Диноршоевро барои ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон зоъеаи ҷуброннопазир медонад ва барои фарзандону пайвандони эшон дар ин мусибати бузург сабру шикебойӣ мехоҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.