Барандаи медали биринҷии ҷудои Бозиҳои олимпӣ, варзишгари хушноми тоҷик Расул Боқиев имрӯз 38 сола шуд. Соҳибҷашн дар суҳбат ба “Азия-Плюс” иброз дошт, ки зодрӯзи худро дар ҷамъи дӯстон ва наздикон ҷашн мегирад. Ва ба шогирдонаш, ки бо онҳо ҳамарӯза таъмирин мекунад, ҳатман дастархони хоксоронае меорояд.

Ба гуфтаи ин варзишгар барои аз ин бештар тамрини хубтару беҳтар додани шогирдон, ки шуморашон бештар 120 нафарро ташкил медиҳад, қасд дорад маҷмааи варзишии чандбахшӣ (многофункциональный спорткомплекс) дар шаҳри Маскав таъсис бидиҳад ва ин орзуи деринаи ӯ аст.

“Аз фаъолият кардан дар мактабҳои давлатии варзишӣ каме хаста шудем ва мехоҳем як маҷмааи варзишии чандбахшии шахсӣ бикушоем. Шогирдонам зиёд шудаистодаанд ва хоҳишмандон низ рӯз аз рӯз бештар мешаванд. Ба хотири тамрини хуб бояд барои онҳо шароити хубтару беҳтар омода созем. Ва бо дастгирии соҳибкорон ин орзуи худро мехоҳем зудтар амалӣ намоем”, - илова кард варзишгар.

Ба қавли Боқиев, панҷ сол қабл ӯ ният дошт, ки дар худи Тоҷикистон чунин маҷмааи варзиширо таъсис бидиҳад, аммо мегӯяд бо сабабҳои маълум ин кор амамлӣ нашуд.

Ҳамсӯҳбатамон ҳамчунин илова кард, ки афроде, ки дар назди онҳо тамрин мегиранд тақрибан 70 фисади онҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ва ба бемории коронавирус, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст нигоҳ накарда ҳамеша дар тамрингоҳ ҳозир мешаванд. Ӯ илова кард, ки тақрибан тӯли 4 моҳ мактаби варзишии онҳо, ки дар шаҳри Маскав қарор дорад бо сабаби паҳншавии бемории коронавирус баста буд. Ва танҳо 23 июл дубора ин варзишгоҳ дари худро ба рӯи варзишгарон боз намуд.  


Хотиррасон мешавем, ки чор сол қабл соли 2016 шабакаи телевизиони ТВ «Варзиш» дар бораи барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 2008 Расул Боқиев филми мустанад таҳия намуд.

Дар филми мустанади «Ҷаҳонпаҳлавон» дзюдочӣ доир ба дастовардҳову рӯйдодҳои фараҳбахш дар зиндагиву ҳаёти рӯзмаррааш, аз ҷумла ба дунё омадани духтарчааш Таҳмина, ифтитоҳи маркази варзишиаш дар Маскав ва ғайра ҳикоят мекунад.

Дар филм ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки имсол дар Бозиҳоии олимпии Рио шогирди Расул Боқиев - Александр Михайлин медали тилло ба даст оварда, Расул низ бо ифтихорномаҳои Вазорати варзиш ва Федератсияи дзюдои Русия қадрдонӣ шудааст

Гуштигири ҷудокори тоҷик Расул Боқиев Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, барандаи медали биринҷ ҷудои Бозиҳои олимпии Пекин-2008, барандаи медали биринҷии Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Рио-де-Жанейро-2007, ғолиби мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 аст. Расул Боқиев баъди рафтан ба Русия ҳамчунин унвони қаҳрамони ҷудои ин кишварро низ ба даст овард. Ӯ 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи гуштигири маъруфи тоҷик Худойназар Боқиев ба дунё омадааст. Гуштигири тоҷик айни замон дар Маскав кору зиндагӣ мекунад.

Расул Боқиев аз хушномтарин ҷудокорони тоҷик буд, ки баъди ба даст оварднаи медали бириҷнии Олимпидаи Пекин дар соли 2008 бо ниҳодҳои варзиши Тоҷикистон мушкил пайдо карда ва баъдтар ба Русия рафт ва он ҷо муқим шуд.

Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҷаҳонпаҳлавон Расул Боқиевро ба зодрӯзаш табрик мекунанд ва барояш ҳам дар зиндагии хонаводагӣ ва ҳам дар рӯзгори варзишӣ комёбиву комгорӣ орзу мекунанд. 

 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.