Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар дувумин ҷашнвораи театрии Voices 2020 (Садо 2020) дар шаҳри Ню-Ҷерсии ИМА ширкат мекунад. Ин бори нахуст, ки як театри Тоҷикистон ба ҷашнвораҳои Амрико роҳ пайдо мекунад ва дар баробари театрҳои кишварҳое чун ИМА, Русия, Испания, Ҷопон, Эстония, Фаронса ва ғайра рақобат мекунад.

Дар ин ҷашнвора, ки аз 15 то 25 октябр бо шеваи нашри онлайнӣ мегузарад, театри тоҷик бори аввал ширкат мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Суҳроб Ҷанҷолов,  муовини раиси театри ҷавонон хабар дод.

“Ба мо барои ширкат дар ин ҷашнвора даъватнома фиристоданд ва дархост карданд, ки яке аз намоишномаҳои беҳтаринамонро бифристем. Мо якчанд намоишномаро фиристодем ва онҳо “Дирафши Коваёнӣ”-ро, ки бар пояи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз сӯйи коргардони варзида Нозим Меликов рӯйи саҳна оварда шудааст, интихоб карданд”,-гуфт Ҷанҷолов.

Ҷанҷолов гуфт, агар ҳамагирии коронавирус намебуд, онҳо имкон доштан ба таври зинда дар баробари тамошобинони ИМА рӯйи саҳна биоянд, вале ба далели коронавирус ҷашнвора ба таври онлайн мегузарад: “Намоишномаро бо инглисӣ тарҷума карда фиристодем. Дар ин ҷашнвора ҳамчунин тетарҳое аз ИМА, Русия, Испания, Чех, Эстония, Фаронса, Африқо, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Исроил, Узбекистон ва ғайраҳо ширкат мекунанд”,- гуфт муовини раиси театр.

Нашри онлайнии намоишномаи Театри ҷавонон 25 октябр соати 12 ба вақти Амрико, ки муродиф ба соати 21.00 Тоҷикистон аст, сурат мегирад.

Бори нахуст намоишномаи “Дирафши коваёнӣ” дар Тоҷикистон соли 2017 дар Театри давлатии ҷавонон намоиш дода шудааст.

Ин намоишнома ҳамчунин барандаи Шоҳҷоизаи ҷашнвораи театрҳои касбии “Парасту” дар Тоҷикистон ва Шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ дар соли 2019 дар Қазоқистон гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.