Ӯзбекистон дар баробари дигар кишварҳо пагоҳ, 1 октябр бо риояи карантин ва қоидаҳои санитариву гигиенӣ сарҳаҳояшро бо Тоҷикистон низ боз мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Нисбат ба шахсоне, ки ба қаламрави Ӯзбекистон тариқи постгоҳҳои назоратии автомобилӣ ва пиёдагардӣ ворид мешаванд, шартҳои “кишварҳои сурх” истифода мешаванд, яъне онҳо танҳо дар сурати бо худ доштани тести натиҷааш манфии коронавирус, ки муддати 72 соати охир то вуруд гирифта шудааст,  ба қаламрави Ӯзбекистон роҳ дода мешаванд.

Ғайр аз ин, дар ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ дар сарҳади ҳар ду кишвар озмоишгоҳҳое фаъолият мекунанд, ки дар онҳо аз ҳисоби худ метавон тест супурд. Арзиши супурдани тест ҳудуди 20 долларро ташкил медиҳад.

Ба гузаштан тариқи сарҳад ба шахсоне, ки дар онҳо сироятёбӣ аз коронавирус ошкор карда мешавад, иҷоза дода намешавад.

Шахсоне, ки дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус маълумотномаи тиббӣ доранду он на дертар аз се шабонарӯз то вуруд дода шудааст, дар сарҳад тест намесупоранд.

Мувофиқи шартҳо барои кишварҳои “минтақаи сурх”, ба шахсоне, ки ба Ӯзбекистон тариқи постгоҳҳои назоратии автомобилӣ ва пиёдагардӣ ворид мешаванд, гузаштан аз карантини 14-рӯза дар меҳмонхона ё хона зарур аст.

Ба гуфтаи манбаъ, масъалаи барқарор намудани парвозҳои мунтазами ҳавопаймо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.