Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell аз роҳандозии иқдоми «Бурд намо-2020» хабар медиҳад. Сандуқ (фонд)-и ҷоизаҳои иқдомро дар ҶТ 6 автомобили     Hyundai ташкил медиҳад, ки аз ин 3 мошин барои муштариёни вилояти Суғд пешбинӣ шудааст. Дар қуръакашии ҳарҳафтаинаи ин тӯҳфаҳои дигар низ тақдим мегарданд: ноутбукҳо, гӯшиҳои ҳушманд (iPhone), Smart TV ва ғайра! Ин иқдом дар саросари кишвар гузаронида мешавад ва муштариёни ширкат метавонанд дар он иштирок намоянд.

Дар соли 2020 Tcell солгарди худро таҷлил мекунад: 20 сол боз ширкат ба тоҷикистониён технологияҳои муосирро муаррифӣ карда, рушди бахши телекоммуникатсионии кишварро метезонад. Аз замони роҳандозии тиҷории ширкат, Tcell масири дарозеро таай карда, ба ҳайси оператори пешсаф ва навовари бозори мухобироту иртибот шинохта шуда, шабакаи бузурги чаканаро шомили худ карда, роҳҳалҳои навоваронаи технологиро ироа менамояд.

Tcell бо ифтихор дар раъси рушду тақвияти масири технологии Ватани мо истода, бо эътимоди комил ба оянда менигарад. Бо иқдоми «Бурд намо-2020» Tcell ба ҳар   муштарӣ, ки Tcell-ро ҳамчун оператори худ интихоб кардааст, ташаккур мегӯяд. Бо шарофати Шумо, мо дар ҳоли пешрафт ба самти ояндаи технологӣ ҳастем!    

Иқдом аз 1 октябри соли 2020 то 1 январи соли 2021 идома ёфта, қуръакашии ниҳоии ҷоизаҳо рӯзи 3 январи соли  2020  баргузор мегардад. Ғолибон тавассути генератори рақамҳои тасодуфӣ муайян шуда, қуръакашӣ мустақиман дар телевизион намоиш дода мешавад.

Барои иштирок дар иқдом муштариро зарур аст, ки ба рақами кӯтоҳи 707 занг занад ва ё фармони *707# -ро иҷро намояд.  Пас аз ин, ба муштарӣ ID- рақами вижа (уникалӣ) дода мешавад, ки баъдан дар қуръакашӣ иштирок мекунад. Барои муштариёни вилояти Суғд      ID-рақам ба гунаи зайл: «N1234567» аст, барои муштариёни дигар минтақаҳо ва Душанбе – «S1234567».

Навгонии «Бурд намо» дар соли 2020 – ҳангоми гирифтани ҳар як ID-рақам, муштарӣ 20 Мб Интернет трафики ройгон дарёфт менамояд! Ҳар қадар ID зиёдтар бошад, ҳамон қадар имкони бурд бештар шуда, мегабайтҳои ҳадяшуда меафзоянд!

Миқдори ID-рақамҳо барои ҳар як муштарӣ маҳдуд нест, арзиши як ID – 2 сомонӣ. Фармон барои тафтиш ID – *707*7#.

Иқдоми бесобиқаи "Бурд намо" – аксияи маъмул ва мардумии ширкати Tcell аст, ки    эҳсосоти мусбат мебахшад. Соли гузашта низ Tcell иқдоми “Бурд намо-2019”-ро баргузор намуда, он вақт ҳам ба муштариён 6 автомобил ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд ҳадя кард.  

Барои иштирок дар иқдом шитоб кунед, дар Соли нави 2021 соҳиби бурд шуда, ҷоизаи хотирмон бигиред!

___________________

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.