Амрико дар Тоҷикистон таъсиси намояндагии дуҷонибаи Агентии Иёлоти муттаҳидаро оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) эълон намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуотии сафорати Амрико таъсиси намояндагии дуҷониба дар Тоҷикистон як қадами пеш дар муқоиса бо мақоми қаблии он ҳамчун филиали намояндагии минтақавии USAID дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Таъсиси намояндагии пурра амалкунандаи USAID дар Тоҷикистон нишонгари қадами навбатӣ дар таҳкими шарикии ИМА бо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон мебошад.

Ба иттилои маркази матбуотии сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар давоми панҷ соли охир 105 000 нафар занони ҳомила ва тифлони навзоди онҳо аз хизматрасониҳои тиббӣ барои модару кӯдак нафъ гирифтанд.  Ин ба пастшавии сатҳи камғизоӣ дар байни кӯдакони синни то панҷсола аз 25 то ба 18 фоиз ва пастшавии сатҳи камғизоии шаддид аз 11 то ба 6 фоиз дар ноҳияҳои зерҳадафи USAID мусоидат намуд. Бо дастгирии USAID инчунин сатҳи фавти кӯдакон аз 34 то ба 27 ҳар 1000 зиндатаваллуд поён рафт.

“USAID дар шарикӣ бо Вазорати тандурустӣ ва илм дастрасии маводи хониши барои синну сол мувофиқро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зиёд намуд. Дар соли 2020 USAID инчунин 600 дона китобҳоро бо ҳуруфоти Брайл ба мактабҳо ва синфҳои махсус дар саросари кишвар тақсим намуд. Инчунин ба 400 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки воридшавии онҳо ба Русия манъ карда шудааст, дастгирии иҷтимоӣ, таълимӣ ва молиявиро пешниҳод намуд, ки ба ҳамгироии дубораи онҳо дар ҷомеаи ватании онҳо мусоидат намуд”.

Инчунин USAID ва Марказ оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо дар ҳаҷми бештар аз 5 миллион доллари ИМА кӯмакро барои мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Дар доираи кӯмаки мазкур низомҳо ва фаъолияти озмоишгоҳҳо беҳтар карда шуд, ба тесткунӣ барои COVID-19 мусоидат карда шуд,. Дастгирии мазкур дар асоси кӯмаки умумии ИМА дар ҳаҷми бештар аз 1 миллиард доллари ИМА мебошад, ки дар давоми 20 соли охир пешниҳод карда шудааст, ки аз ин қариб 125 миллион доллари ИМА ба соҳаи тандурустӣ равона карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ёдрас бояд шуд, ки аз соли 1993 инҷониб USAID ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 500 миллион доллари ИМА кӯмак расонд, ки ин ба рушди иқтисоди Тоҷикистон, беҳтарсозии соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, таҷрибаҳои кишоварзии самараноктар ва идоракунии самараноктари захираҳои табиӣ, ба монанди об, саҳм гузошт