Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бори аввал дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба артиш нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят 103% иҷро кардааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" сухангӯйи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод. 

Иҷрои нақшаи саду се дарсадии вилоят дар ҳолест, ки солҳои гузашта иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар бархе аз ноҳияҳои ин вилоят ва шаҳри Хоруғ аз мушкилоти асосӣ буд. 

Ба гуфтаи Ғолиб Ниятбеков имрӯз 241 ҷавони бадахшӣ, тайи як маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Ёдгор Файзов ба хидмати Ватан гусел карда шуданд. Бино ба маълумоти ҳукумати ВМКБ ҳоло ноҳияи Дарвоз 100%, Мурғоб 112%, Роштқалъа 100%, Рӯшон 100%, Хоруғ 100%, Шуғнон 106%, Ишкошим 110% ва ноҳияи Ванҷ 100%-и нақшаи даъватро иҷро кардаанд, ки ба ҳисоби умумӣ дар сатҳи вилоят 103%-ро дар бар гирифтааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.