Дар як шабонарӯзи гузашта дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 8 нафар гирифторони бемории COVID-19 ошкор шудааст. Ҳамчунин 49 нафаре, ки бо ин беморон тамос доштаанд таҳти қарантини 14-рӯза қарор дода шудаанд.

Ҷӯрабой Саидов муовини аввали сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, ки ҳангоми хонагардии мутахассисони шабакаҳои кумаки аввалияи тибии шаҳру ноҳияҳо 8 нафар гирифторони COVID-19-ро дарёфт кардаанд.

“Ин 8 нафар вазъи саломатиашон хуб арзёбӣ мешавад ва аз ин хотир онҳо дар хонаҳояшон таҳти назорати табибон қарор дода шудаанд. Ҳамзамон аз тарафи мутахассисони шакабаҳои аввалияи тиббӣ ва марказҳои назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилоят 49 нафаре, ки бо ин 8 бемор тамос доштанд, таҳти қарантини 14-рӯза гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ таҳти назорати мутахассисони шабакаҳои кумаки аввалия 57 нафар гирифторони бемории COVID-19” ва илтиҳоби шуш ва бемориҳои мавсимӣ қарор доранд”, – гуфт Ҷурабой Саидов.

Ба қавли муовини сардори Раёсати тандурустӣ айни ҳол дар шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои вилоят 3 нафар гирифторони COVID-19 ва 20 нафар гирифторони илтиҳоби шуш  бистариянд.

Номбурда илова кард, ки дар як шабонарӯзи охир 10 нафар беморон сиҳат ёфтаанд.

“Агар 10 рӯзи охирро бигирем ҳолати гирифторшавӣ ба бемории COVID-19 дар қаламрави вилоят ҳудуди 30 фоиз кам шудааст. Дар ҳамин даҳ рӯзи охир дар вилоят ҳамаги як ҳолати фавт аз COVID-19” ба қайд гирифта шудааст, ки он нафар ҳамзамон бемории диабети қанд дошт”,  – изҳор дошт Саидов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.