Имрӯз дар шаҳри Душанбе мудири шӯъбаи нуқсонҳои модарзодӣ ва иқтибосии дили МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» Икром Болтабоев аз олам даргузашт.

Табиби варзида аввали моҳи сентябр бо бемории коронавирус дар бемористон бистарӣ шуда, аз он шифо ёфта натавонист.

Икром Болтабоевро ҷарроҳи худодод мегуфтанд. Ӯ ҷони садҳо нафар хурдсолону калонсолонро наҷот додааст. Чанде аз кӯдаконро ӯ аз ҳисоби пули худаш, инчунин тифлони моҳашон нопурра таваллудшударо ҷарроҳӣ карда буд.

Икром Болтабоев

Дар ҷумҳурӣ ӯ аз аввалинҳост, ки дили тифли ҳамагӣ 3 кило вазндоштаро ҷарроҳӣ карда буд. Барои Тоҷикитсон ин ҷарроҳӣ боз аз он лиҳоз нодир буд, ки он бо истифода аз дастгоҳи сунъии хунгардӣ гузаронида шуд. Ҳатто ҷарроҳии дили тифли серӯзаи вазнаш 2,5 килоро ба уҳда гирифта буд.

Бемории Икром Болтабоев душвор ҷараён гирифта, ӯ ба дастгоҳи сунъии нафасдиҳӣ (ИВЛ) пайваст шуда буд. Ахиран зикр гардида буд, ки вазъи солимиаш рӯ ба беҳбудӣ меорад, лекин имрӯз дилаш аз тапидан бозмонд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!