Ба ҳолати то субҳи 5 октябр шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 9 ҳазору 935 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, давоми рӯзҳои истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 83 кас афзуд.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ боз 1 нафар зиёд шуда, аз оғози пандемия ба 78 нафар расид.

Шумори шифоёфтагон дар рӯзҳои истироҳати сипаришуда 88 нафар афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 8 ҳазору 749 нафар (88%)-ро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 34,9 млн нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 025 647 кас фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.