Ҳамоҳангсози кишварии СММ хонум Сезин Синаноғлу зимни мулоқот бо вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки тариқи видеоконфронс доир гардид, изҳор дошт, ки СММ айни замон Стратегия нави ҳамкориро бо ҷумҳурӣ таҳия мекунад.

Ӯ қайд кард, ки дар стратегия мусоидат ба масоили марбут ба рушди долонҳои нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва рақамикунонии соҳаи роҳдорӣ пешбинӣ шудааст.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ дар навбати худ қайд кард, ки омода аст ҳангоми пешниҳод гардидани Стратегияи болозикр онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҳамкории судмандро бо СММ ба роҳ монад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аввали соли 1992 ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

Тӯли ин давра Созмон ба ҷумҳурӣ ба сифати грант беш аз ним млрд доллар маблағ дод. Ин маблағ ба рушди имконоти инсонӣ, муҳайё охтани ҷойҳои корӣ, беҳбуди дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, рушди менеҷмент ва ҳифзи муҳити зист равона гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.