Дар Исфара, имрӯз муаллими варзидаи кимиё, мудири литсейи № 1 ва мактаби байналмилалии хусусӣ Абдулҳафиз Азизов даргузаштанд. Бино ба иттилои ҳамкоронаш Азизов бар асари баланд шудани қанд дар хунаш даргузаштааст. Азизов яке аз омӯзгорони варзидаи Тоҷикистон буд, ки шогирдонаш дар бонуфузтарин донишгоҳҳои дунё таҳсил кардаанд ва мекунанд. 

Яке аз дӯстони наздикаш Муҷибахон Ҷавҳарова ба «Азия-Плюс» гуфт, ки Азизов комилан сиҳат буд ва марги ӯ ногаҳонӣ буд.

“Ман дар ҳолати шок қарор дорам, ҳафте пеш бо Устод нишаста будем ва сари маориф, ояндаи он ва тарҳҳо суҳбат карда будем. Ин субҳ ба ман занг заданду гуфтанд, ки Абдулҳафиз гузаштанд”,-гуфт ӯ.

Ӯ гуфт, ки Азизов ахиран дар Исфара мактаби хусусии «Академия Контакт Интернешнл»-ро боз карда буданд ва худ мудири он буданд.

Шогирдон, дӯстон ва ҳамкоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар сӯги ӯ нишастаанд.  Яке аз шогирдонаш аз Торонтои Канада навиштааст, ки “Устоди азиз ман. Шумо тамоми умри худро ба тарбияи чанд насл бахшидед. Шумо мактабе бунёд кардед, ки дар тамоми кишвар ва хориҷ аз он маъруф шуд. Шогирдони шумо, бо дастёбӣ ба бахшҳои нави илм, тиб ва муҳандисӣ дар тамоми дунё кору зиндагӣ мекунанд. Ман барои ҳамеша, вақте асрори кимиёро дар мактаб донистам, ҳар рӯзеро, ки бо Шумо сипарӣ кардаам дар хотир нигоҳ медорам.  Ман мероси Шуморо ҳамеша ба ёд дорам! Ҳеч гоҳе Шуморо фаромӯш нахоҳам кард, Устод!”,-навиштааст Махсуд Саидаминов дар саҳфаи фейсбукаш, ки муҳаққиқи Донишгоҳи Торонтои Канада аст.

Азизов ва Ҷавҳарова ҳафтае пеш
Акс: аз саҳфаи фейсбукии Муҷибахон Ҷавҳарова

Абдулҳафиз Азизов 2 декабри соли 1950 дар деҳаи Сурхи шаҳри Исфара зода шудааст. Аз соли 1987 то 1991 ӯ устоди кимиёи мактаби шумораи 29 буд ва баъдан устоди литсейи № 1 шуд, ки баъди як сол мудири он таъин гардид.

Дар даврони мудирияти Азизов ин мактаб яке аз маъруфтарин мактабҳои Тоҷикистон шуд. Ҳар сол бештар аз 75 хонандаи ин мактаб ғолиби олимпиадаҳо мешуданд ва шумораи хатмкардаҳои медали тилову нуқрадори ин мактаб бештар аз 150 нафаранд. 95% хатмкунадаҳои ин мактаб ҳар сол донишҷӯйи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва хориҷ аз он мешуданд.

Ӯ барои хидматҳояш дар соҳаи маориф бо «Нишони Фахрӣ”, ифтихорномаҳои  шӯбаи АИ ИҶШС дар Сибир, Ҷамъияти кимёдонони Шӯравӣ ва Вазорати маорфи Тоҷикистон қадрдонӣ шуда буд.

Ӯ ҳамчунин Кормади хидматнишондодаи Тоҷикистон, Муаллими сол дар соли 1992 ва аълочии маориф буд.

Солҳои 2010-2015 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон буд, ки аз сӯйи президент Эмомалӣ Раҳмон таъин гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.