Дафтари Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC / CAR) дар Осиёи Марказӣ Рӯзи 2-юми октябр ба Институти ҷумҳуриявии илмиву тадқиқотии тибби пешгирикунанда дар Тоҷикистон ба маблағи 8,356 доллар маводи зарурӣ тақдим кард. Маводи интиқолёфта барои санҷиши COVID-19 истифода бурда мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуотии сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ, CDC барои дастгирии Тоҷикистон дар мубориза бо эпидемияи COVID-19 1,69 миллион доллар ҷудо кардааст.

“Мо ҳукуматҳои чаҳор кишвари Осиёи Марказиро тавассути пешниҳоди таҷрибаи техникӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ва хариди таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ дастгирӣ мекунем. Кори имрӯзаи, мо вобаста ба пешгирии COVID-19, ба ӯҳдадориҳои деринаи CDC дар мубориза бо ВНМО, сил, зуком ва дигар намудҳои пандемия дар минтақа, такя мекунад”- иброз намуд, директори CDC дар Осиёи Марказӣ Дэниел Сингер.

Соли равон ба таъсисёбии дафтари CDC дар Осиёи Марказӣ 25 сол пур мешавад. Аввалин дафтари CDC дар минтақа соли 1995, дар Алмаато кушода шуда, имрӯз кормандони агентӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кор мекунанд. Онҳо вазоратҳои тандурустиро дар таълими кормандони соҳаи тандурустӣ, таҳкими системаи тандурустӣ ва вокуниш ба эпидемияи COVID-19, ВНМО, сил ва дигар бемориҳои сироятӣ дастгирӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.