Ҳамасола теъдоди маҳдуди кӯдакони синни мактабӣ (асосан аз минтақаҳои дурдаст), ки мушкили шунавоӣ доранд, дастрасӣ ба таҳсил надоранд ва берун аз  муассисаҳои таълимӣ қарор мегиранд. Таҷрубаҳо далолат бар он мекунанд,  ки дар бисёр мавридҳо, ин далел, мунҷар ба оқибатҳои бад мегардад. Бинобар надоштани таҳсил ин қабил кӯдакон дар оянда ба ҳар гуна мавонеъ ва саддҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ки рафъи онҳо барояшон бо мушкилоти зиёд ба даст меояд.

Мушкил аз он печидатар мешавад, ки бисёре аз волидон забони имову ишораро балад нестанд. Дар кишвар то ҳанӯз ба таври мудовим дарсҳои таълимии забонӣ баргузор намегарданд.  

Маҷбуранд  аз таҳсил сар бипечанд

Дар Тоҷикистон се мактаб-парваришгоҳ барои кӯдакони ношунаво ва ё ҳисси шунавоиашон паст фаъолият менамояд.  Дутои он дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар фосилаи 20 км аз Душанбе  ва саввумӣ дар рустои Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд. Мактаб- парваришгоҳи мазкур соли 1975 барои 330 кӯдак бунёд шудааст.  Шумораи умумии дастаи  омӯзгорону кормандони фаннии муассиса 120 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди хоҳишмандони шомил шудан ба мактаби мазкур ҳамасола меафзояд. Агар дар соли таҳсили 2019-2020 миқдори умумии   толибилмон 290 нафарро ташкил мекард, пас дар соли равон он ба 308 нафар расидааст.

«Дар соли 2020 мо боз як гуруҳи омодагӣ боз кардем ва акнун чунин гуруҳҳо ба се адад расиданд,- мегӯяд сарвари мактаб-парваришгоҳ Нигина Оголукова.  – Хоҳишмандони дар мактаби мо таҳсил кардани кӯдаконашон бисёр буданд, вале мо на ҳамаи онҳоро тавонистем фаро бигирем: дар синфхонаҳо ва хобгоҳ ҷой барои толибилмон мавҷуд нест. Соли гузашта мо натавонистем ба мактаб 11 нафар кӯдакро қабул намоем. Имсол маҷбур шудем барои қабули шаш нафар посухи рад бидиҳем. Чунин кӯдаконро мо ба феҳрасти кӯдакони захиравӣ ворид мекунем ва соли оянда онҳоро мегирем. Дар сурати мойил будани волидон, онҳо метавонанд  кӯдакони хешро ба дигар мактаб-парваришгоҳҳое, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд, бифиристанд. Мо ҳақ надорем, ки дар як синф беш аз 12 толибилмро қабул кунем. Кӯдакон бояд дар шакли мудаввар нишаста, таҳти назорати доимии омӯзгор қарор дошта бошанд. Агар шумораи кӯдакон зиёд бошад, пас таъмини  чунин назорат ғайриимкон мегардад.   Норасоии синфҳои таълимӣ марбут ба он аст, ки дар ибтидои солҳои 90-ум як бинои таълимии  мо ба тавозуни литсейи техникии №75-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вогузор гардид. Агар он биноро ба мо бармегардониданд,  мо метавонистем тамоми хоҳишмандони таҳсилро фаро бигирем».

Назар ба суханони Оголукова дар мактаб-парваришгоҳ ҳайати омӯзгороне ҷамъ омадаанд, ки дар ин замина таҷрубаи бузург доранд ва дар таълиму тарбияи кӯдакони мушкили шунавоидошта маҳоратҳои хос доранд. Бисёре аз онҳо муаллифони китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои методие мебошанд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд. Омӯзгорони ҷавоне, ки ба парваришгоҳ ба кор меоянд, дарсҳои махсуси забони имову ишораро фаро мегиранд. Онҳо ин малакаро аз мутахассисони варзидае, ки  макотиби олии таълимии Тошканд ва Маскавро хатм кардаанд, мегиранд. Танҳо пас аз супоридани  имтиҳонҳо ба ин зумра омӯзгорон тадриси фанни мушаххасро дар мактаб иҷоза медиҳанд.

Бар иловаи барномаи таълимӣ дар мактаб маҳфилҳои муҳрабандӣ, бофандагӣ, дӯзандагию пухтупаз, атласу адрасбофӣ, дуредгарӣ ва сартарошӣ амал мекунанд. Кӯдакон дар мактаб даҳ  сол таҳсил карда, шаҳодатнома дар бораи хатми синфи нуҳ  мегиранд.

Пас аз хатми мактаб аксарият барои кор аз рӯйи ихтисосҳои фарогирифтаашон ба корхонаҳои истеҳсолӣ мераванд. Хоҳишмандони таҳсил метавонанд ба мактаби таҳсилоти ҳамагонии махсуси ношунавоёни шаҳри Душанбе шомил шаванд.

  Мактаб ва хобгоҳ намерасад

Назар ба суханони  муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфуллохон Раҳматов ҳукумати вилоят, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, талош доранд, то кӯдакони  мушкили шунавоидошта ба таҳсил дастрасӣ дошта бошанд. Ҳоло дар назди кӯдакистони №26 гуруҳи алоҳидаи кӯдакони мушкили шунавоидошта амал мекунад. Барои ин зумра кӯдакон дар назди мактаб-парваришгоҳи кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳр синфҳои ибтидоӣ боз шудаанд.  Дар ин ҷо онҳо то хатми синфи чаҳорум таҳсил мекунанд. Сипас онҳоро ба мактаб-парваришгоҳи деҳаи Хистеварз интиқол медиҳанд:

«Мо медонем, ки дар мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  мушкили норасоии синфҳои таълимӣ ва хобгоҳ мавҷуд аст,- иброз дошт Сайфуллохон Раҳматов. - Барои қисман ҳаллу фасл намудани мушкили мазкур бунёди мактаб ва хобгоҳи иловагӣ пешниҳод мегардад. Гузинаи мазкур дар мақомоти марбута мавриди баррасӣ қарор дорад. Мо ба унвони раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода номаи расмӣ навишта, дар бораи моҳияти мушкили мавҷуда маълумот пешниҳод кардаем. Дар назар аст, ки мактаб-парваришгоҳ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бунёд мегардад».

Муассисаҳои махсуси таълимӣ барои кӯдакони ношунаво дар асоси нақшаи таълимие, ки тавассути қарори ҳайати  Мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  ба таърихи 27-уми июли соли 2018 тасдиқ гардидааст, фаъолият менамоянд.  Тадрис бо забони давлатӣ ҷараён мегирад. Дар муассисаҳои дар боло зикргардида забон ва адабиёти  тоҷик (талаффуз, имло ва инкишофи нутқ),  забони русӣ, таърихи умумӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, технология, дарсҳои кор (барои писарон ва духтарон), технологияҳои иттилоотӣ, риёзӣ, кимиё, биология, забони англисӣ, физика, геометрия, нақшакашӣ, тарбияи ҷисмонӣ, расмкашӣ, имою ишора омӯзонида мешаванд. Ҳамчунин барои кӯдакони ҷисман нокомил фанни   дефектология   таълим дода мешавад.

Назар ба суханони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ норасоии омӯзгорон ба мушоҳида намерасад. Аммо, бинобар иваз кардани  ихтисос ва ё ба рухсатии дарозмуддат  баромадани  омӯзгорон, нарасидани муаллимони риштаи фанҳои дақиқ ба назар мерасад:

«Барои пешбурди фаъолият омӯзгоронро бар иловаи хуб балад будани   фан,  лозим аст, то забони имову ишора ва алифбои панҷавиро  азбар  бикунанд. Дар ин росто ҳамаи он муассисаҳо бо Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ робитаи ҳамкориро ба роҳ  мондаанд. Дар факултети педагогия ва психология гуруҳе фаъолият менамояд, ки ба омӯзиши забони  имову ишора ихтисос дода шудааст. Вале мушкили асосии фарогирии кӯдакони имконияти шунавоишон маҳдуд, қабл аз ҳама, иборат аз он аст, ки волидон маълумоте дар бораи забони имову ишора ва алифбои панҷавӣ надоранд. Гузашта аз ин, волидон баъзан дар куҷо қарор доштани муассисаҳои махсуси таълимиро намедонанд. Гоҳо ба мактаб кӯдаконеро меоваранд, ки синнашон аз синни мактабӣ гузаштааст»,- таъкид мекунад Маҳмадюсуф Имомзода.

Ноздона, вале қобил

Бинобар таъкиди равоншиносон аксари кӯдакони мушкили шунавоидошта ноздонаву якрав, вале закиву кордон буда, зуд асрори ҳунарҳои гуногунро дар бар мегиранд.

Толибилми мактаб-парваришгохи дехаи Хистеварз
Акс аз муаллиф

Назар ба суханони пизишки сурдолог, номзади улуми тибб  Абдуназир  Очилзода дар пойгоҳи Маркази саломатии №2-и шаҳри Хуҷанд машваратгоҳи равонию тиббию педагогӣ амал мекунад. Он салоҳияти омӯхтан ва арзёбии нерӯ ва мушкилоти кӯдаконеро дорад, ки имконияташон маҳдуд аст. Илова бар он, машваратгоҳ ба волидон дар амри ба созмондиҳии  солимгардонии кӯдак ва омода кардани он ба таҳсили фарогир кӯмак менамояд. Машваратгоҳ  ҳамчунин муваззаф аст, ки назар ба қобилият ва мушкили кӯдак муассисаи таълимии мувофиқро тавсия бидиҳад.

Соли гузашта аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят ба машваратгоҳи мазкур 483 кӯдаки мушкили шунавоидошта муроҷиат кардааст. Аз онҳо 240 нафар кӯдакони синнашон томактабӣ ва 243 нафар синнашон мактабӣ мебошанд. 337 кӯдак ба раванди таълим фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла, 290 нафар дар мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 35 нафар дар мактаб-парваришгоҳи кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд,  12 нафар дар кӯдакистони №26-и шаҳри Хуҷанд вориди раванди таҳсил шудаанд. Ҳамаи кӯдакони мазкур дар рӯйхати сурдолог, ки ба хонавода ва кӯдак кӯмак мекунад, сабти ном  шудаанд.

Дарёфт ва мудохалаи саривақтӣ метавона ояндасоз бошад   

Сабоатхон Аҳмадова, сарвари созмони ҷамъиятии «Рангинкамон» таъкид медорад, ки ҳар як кӯдаки мушкили шунавоидошта ҳуқуқи  дастрасии мустақим ба таҳсилро дорад. Мушкили асосии ин қабил кӯдакон аз он иборат аст, ки аз даст додани шунавоӣ дар ҷараёни  рушди онҳо хеле дер ошкор мегардад.

Таҳқиқоти ахири илмӣ баёнгари он аст, ки солҳои аввали ҳаёт мағзи инсонӣ дорои нерӯи бемонанд буда, таъсири назаррасе дар рушд дорад. Солҳои аввали инкишоф иборат аз «равзанаи имкониятҳо» барои тағйирёбӣ дар рушд ва барқарории   траекторияи сохтмони мағз  мебошад. Траекторияи мазкур метавонад бинобар мавқеъгирӣ ва мавзеъгирии  генетикии кӯдакон ва мушкили рушд  халал ёбанд.

Аз ин рӯ, ҳар қадар кӯдакон ва оилаҳо барвақт дастгирӣ биёбанд, ба ҳамон андоза  онҳо ба   мушкилиҳое, ки  бо он рӯ ба рӯ ҳастанд,  ба осонӣ мутобиқ мешаванд. Аз рӯйи таҷрубаи «Рангинкамон» ҷавононе, ки мушкили шунавоӣ доранд, баъд аз гирифтани хадамоти муосири дахолати барвақтӣ, мактабҳои миёнаро хатм карда, дар соҳаҳои гуногун ба ҳайси мутахассис фаъолият доранд.  Дар ҳоли ҳозир 28 нафар кӯдакони мушкили шунавоидошта дар назди мутахассисони Маркази дахолати барвақтии «Бойчечак» ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.  Аз онҳо шаш нафар ба кӯдакистонҳои умумӣ ва ҳамин миқдор ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мераванд».

Назар ба андешаи сарвари мактаб-парваришгоҳ Нигина Оголукова  илова бар тарҷумаи ҳамзамони барномаҳои муҳими иттилоотӣ ва таҳлилӣ, бояд дарсҳои телевизионӣ оид ба омӯзиши забони имову ишора  ташкил карда шаванд:

«Зеро илова бар волидон  бисёриҳо мехоҳанд забони имову ишораро биёмӯзанд,- мегӯяд Оголукова. -Гузашта аз ин, чунин дарсҳо ҳамчунин барои он шаҳрвандоне заруранд, ки забони давлатиро балад нестанд ва кӯдакони мушкили шунавоидошта доранд. Онҳо дар хонаҳои худ қарор дошта, дар муҳити хонавода метавонанд кӯдакони хешро алифбои забони имову ишораро биёмӯзонанд.

Дар маҷмуъ,  дар сартосари кишвар аз теъдоди умумии кӯдакони мушкили шунавоидошта 831 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 300 нафари онҳо духтарон мебошанд. Чӣ қадар кӯдакони мушкили шунавоидошта  бо  кадом сабабҳо  берун аз мактаб мондаанд, мушаххас кардани он моро муяссар нашуд. Шояд чунин омор дар ҳеч куҷо  пеш бурда нашавад. Ин як мушкилест, ки  ҳаллу фасли хешро тақозо дорад.  

Мавод аз рӯйи лоиҳаи «Ношунидан мушкил нест, мушкил хонда натавонистан аст» дар чаҳорчӯбаи Барномаи Осиёи Марказии MediaCAMP тавассути дастгирии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) таҳия шудааст.  Масъулияти муҳтавои матлаб бар дӯши ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» буда, нуқтаи назари USAID-ро инъикос намекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.