Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи таътили дуҳафтаинаи мактабҳо пас аз интихоботи президентиро рад кард

«Ин овозаҳо, ки дар байни сокинони кишвар паҳн шудаанд, беасосанд. Таътили тирамоҳии мактаббачагон тибқи ҷадвали қаблан тасдиқшуда сурат мегирад: аз 1 то 10 ноябр. То ҳол мо дар бораи таътили умумии мактаббачагон ва донишҷӯён ё эълон шудани карантин маълумоте надорем», - гуфтанд дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба « Азия-Плюс ».

Дар вазорат таъкид карданд, ки қарор дар бораи таътили мактабҳову донишомӯзони макотибу донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳо ва эълони карантини саросарӣ дар Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бар зидди коронавирус қабул карда мешавад, на дар Вазорати маориф.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе корбарон хабар дода буданд, ки дар Тоҷикистон пас аз интихоботи президентӣ ба хонандагон ва донишҷӯён таътили дуҳафтаина дода мешавад. Ба қавли волидон дар ин бора онҳоро дар мактаб огоҳ карданд ва гуфтанд, ки дар ин муддат бинои муассисаҳои таълимиро зиддиуфунӣ мекунанд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!