Муҳаммадқул Ҳазратқулов сарходими илмии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузаштанд. Ба иттилои ҳамкорони Ҳазратқулов дар Академияи илмҳо эшон чанд вақти ахир аз бемории илтиҳоби шуш ранҷ мебурданд.

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва хуқуқ дар як хабарнома аз марги Ҳазратқулов хабар дода ва марги ӯро “андӯҳи бузург” гуфтаанд.

Ҳазратқулов Муҳаммадқул 5 ноябри соли 1944 дар шаҳри Истаравшан зода шудааст. Хатмкардаи шуъбаи форсии факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аспирантураи шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳо буд.

Солҳои 1969-1972 дар сафари дарозмуддати хориҷӣ дар Эрон ба ҳайси мутарҷим фаъолият карда, соли 1974 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1980-1990 ба сифати мудири редаксияи фалсафа ва ҳуқуқ, баъдтар мудири редаксияи назорати илмӣ ва адабӣ дар сарредаксияи илмии Энсиклопедияи шӯравии тоҷик кор кардаанд. Соли 1991 дар мавзӯи “Фалсафаи ишроқи Шаҳобуддин Сӯҳравардӣ” рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд.

Солҳои 1992-1996 аввал профессори кафедра, баъдан мудири кафедраи фарҳангшиносӣ, этика ва эстетикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд.  Аз соли 1996 инҷониб аввал ходими пешбари илмӣ, баъдан сарходими шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ кор мекард.

“Ақидаҳои фалсафии Садриддин Шерозӣ”, “Эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам”, “Тасаввуф”, “Ислом: равия, мазҳаб ва фирқаҳои он” аз осори арзишманди ин муҳаққиқи тоҷик мебошанд.

Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” марги профессор Ҳазратқуловро барои ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон таслият мегӯяд ва барои пайвандону наздиконаш дар ин мусибати бузург сабру шикебойӣ мехоҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.