Қисмати чапи бинои Кохи президенти Тоҷикистон, ки айни замон дар он шаҳрдории Душанбе фаъолият доранд, то анҷоми сохтмони бинои нави ҳукумати кишвар тахриб намешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз корҳои кӯчонидани қисмати рост ва марказии бино пурра ба анҷом расидааст.

Зикр шуд, ки дар ҷойи қисмати чапи бино пас аз анҷоми сохтмони тамоми маҷмаа боғи начандон бузург бунёд мегардад.

Сохтмони бинои нави ҳукумати Тоҷикистон бояд дар муддати ду сол ба итмом расонида шавад.

Тарҳи бинои нави ҳукумати Тоҷикистон

Тибқи маълумоти ҳукумат, Кохи президент дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.