Сарфи назар аз мунтазам баргузор намудани суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ, бархе аз сокинони вилояти Суғд ба риояи меъёрҳои эҳтиёткорӣ аҳаммият намедиҳанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, рӯзи 7 октябр дар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба муқовимат бо коронавирус зикр шуд, ки бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, баҳри табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Новобаста аз чораандешиҳо, бархе аз шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштиро риоя накарда, бидуни ниқобҳои муҳофизатӣ гаштугузор менамоянд, - омадааст дар хабар. - Ин ҳолат боиси нигаронӣ буда, бояд ҳар як нафар барои ҳифзи саломатии худу атрофиён масъулияти бештар эҳсос намояд”.

Гуфта мешавад, бо супориши раиси вилоят аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи тиб гуруҳҳои корӣ ташкил карда шуда, барои омӯзиши вазъ ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар шуданд.

“Дар натиҷаи таҳлилҳо муайян гардид, ки бархе аз сокинон нисбати саломатии худ бепарво буда, ҳолатҳои риоя нашудани фосила, надоштани ниқобҳои тиббӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, бозору марказҳои савдо ба қайд гирифта шудааст”, - таъкид доштааст сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода.

Бино ба маълумоти мутахассисони Маркази назорати санитарӣ-эпидемиологии Хуҷанд, танҳо дар мҳи август ва сентябр барои риоян накардани реҷаи ниқобпӯшӣ ва масофаи иҷтимоӣ ба наздики 200 нафар ҷазо маъмурӣ дода шудааст. Дар бораи чӣ гуна ҷазо гирифтани онҳо маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯзи 8 июл ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки мувофиқи онҳо минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима шуда, барои паҳнкунии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус шахс ба муҳлати аз 5 то 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.

Он замон зикр шуда буд, ки “кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алҳол аз ҷаримабандӣ худдорӣ карда, танҳо бо суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ иктифо мекунанд”.

“Агар шаҳрванд дидаву дониста дар бозор ё марказҳои савдо бе ниқоб гардад, бори аввал ӯро огоҳ мекунанд, вале агар қонуншиканӣ такрор гардад, онҳо ҷарима мешаванд”, - қайд карда буд котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода.

Ӯ тавсия дода буд, ки агар касе дар ин маврид бе асос ҷарима шуда бошад, метавонад ба телефони боварии ВКД - 221 21 21 муроҷиат намояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.