Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эр” бо хатсайри Душанбе-Алмаато-Душанбе 3 парвози чартерӣ анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, парвозҳо бо мақсади овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон иҷро мешаванд. Хатсайри аввал рӯзи 12 октябр ва боқимонда рӯзҳои 19 ва 27 октябр ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, хатсайрҳои чартерӣ дар мувофиқа бо ҳукумати Қазоқистон анҷом дода мешаванд.

ВКХ хотиррасон мекунад, ки шаҳрвандоне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (PCR) гирифта шудааст, ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.