Ахиран шумори зиёди тоҷикистониён бо ҳар гуна роҳу воситаҳо ба Русия рафтан мехоҳанд. Пас аз ифтитоҳи хатсайрҳои мунтазам ба АМА ва Туркия шаҳрвандон мехоҳанд бифаҳманд, ки оё тариқи транзит бо ин кишварҳо метавон ба Русия рафт?

Дар сафорати Русия дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор доштанд, ки на ҳама шаҳрвандон бо ин васила ба Русия сафар карда метавонанд.

“Бо ин восита танҳо он шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия рафта метавонанд, ки тибқи қарори ҳукумати ФР аз 16 марти соли 2020 (№635-р) барои вуруд ба кишвари мо асос доранд”, - гуфтанд дар намояндагии дипломатӣ. – Аз ҷумла, шахсони дорои Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия, иштирокчиёни барномаи кӯчондани ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамсару волидон ва фарзандони русиягиҳо ҳуқуқ доранд, ки ба қаламрави Русия ворид шаванд”.

Дар сафорат қайд карданд, ки “боисрор ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки пешакӣ имкони парвозро бевосита аз намояндагони ширкатҳои мусофиркаш тасдиқ намяонд, зеро онҳо ба мусофирони транзитӣ талаботи иловагии бештар шадид пешниҳод карда метавонанд”.

“Имкони ташкили хатсайрҳои мустақими чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия ҷиҳати баровардани русиягиҳо айни замон бо назардошти вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад”, - гуфтанд дар сафорат.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки ҳозир шаҳрвандони Русия, ки ба бозгашти таъҷилӣ аз Тоҷикистон ба Русия ниёз доранд, ҳамчунин метавонанд аз хатсайрҳо тариқи Дубай (АМА) ва Истанбул (Туркия) истифода баранд.

“Маълумот дар бораи талабот ба парвозро бевосита дар ширкатҳои ҳавопаймоии марбута муайян кардан лозим аст”, - илова карданд дар намояндагии дипломатӣ.

Кадоме аз шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия ворид шуда метавонад?

Имрӯз сарҳадҳои Русия то ҳол баста буда, лекин баъзе категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар ворид шуда метавонанд.

Мувофиқи қоидаҳои дахлдори мавҷуда шаҳрвандони Туркия, Британияи Кабир, АМА, Миср, Ҷумҳурии Малдив, Швейтсария, Танзания, Абхозистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ба қаламрави Русия ворид шуда метавонанд.

Ғайр аз ин, сарҳади Русия барои хориҷиёне, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқшуда аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия барои муолиҷа ба ин ҷо меоянд, инчунин хориҷиёне, ки бо пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои нигоҳубини хешовандони беморашон ба ин кишвар ворид мешаванд, кушода аст.

Сарҳадро ҳамчунин кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ дар Русия ва аъзои оилаи онҳо убур карда метавонанд.

Ҳамчунин ронандагони автомобилҳои боркаши алоқаи байнулмилалӣ, ҳайатҳои сарнишинони нақлиёти ҳавоӣ, баҳрӣ ва дарёӣ, қатораҳои алоқаи байнулмилалӣ, кормандони алоқаи фелдъегерӣ (расонидани ҳуҷҷатҳои муҳим)  ва аъзои ҳайатҳои расмӣ низ метавонанд ба Русия сафар кунанд.

Ҳамчунин боз ба шахсони зерин низ иҷозаи сафар ба Русия дода мешавад:

- дорандагони раводиди дипломатӣ ё хусусӣ, ки дар робита ба марги хешованд ё бо қарори Вазорати умурии хориҷии Русия дода шудааст;

- хатрасон (боррасон, курйер)-и робита дипломатӣ;

- шахсоне, ки дар қаламрави Русия иқомати доимӣ доранд, инчунин шахсоне, ки бидуни берун рафтан аз минтақаи транзит тариқи транзит бо фурудгоҳҳои Русия сафар мекунанд;

- мутахассисоне, ки бо таҷҳизоти дар рӯйхати ташкилотҳо зикршуда ва ба Хадамоти федералии амният ва ВКД Русия фиристодашуда кор мекунанд;

- мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ё тибқи мувофиқа ва ғайра.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.