Ба ҳолати то субҳи 12 октябр шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 10 ҳазору 222 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, давоми рӯзҳои истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 85 кас афзуд.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 79 нафар боқӣ монд.

Шумори шифоёфтагон дар рӯзҳои истироҳат қариб 100 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 9 ҳазору 58 нафар ё худ 88,6%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 37,3 млн нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 млн 75 ҳазору 779 кас фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.