Ӯзбекистон баъди 10 соли интиқоли қатъи гази табиӣ ба вилояти Суғд  дубора интиқоли онро шурӯъ кард. Дар ин бора  Абдулҳаким Сӯфиев директори ҶСП “Сомон Суғдгаз” ба “Аsia-Plus” иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ,  воридкунандаи газ ширкати “Сомон Суғдгаз” буда, он барои корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва нақлиёт пешбинӣ шудааст. Эҳтимолан як метри мукааб гази табиии аз  Ӯзбекистон воридшуда то 2 сомонӣ арзиш дорад.

“Ҳоло масъулин ба васлу насби қубурҳои газгузар шурӯъ кардаанд ва эҳтимолан рӯзҳои наздик нахуст корхонаҳои хурду бузурги саноатии шаҳри Хуҷанд бо гази табиӣ таъмин мешаванд. Дар асоси созишнома ҷониби Ӯзбекистон омода аст, ки  1000 куб гази табииро бо арзиши 130 доллари ИМА ба Тоҷикистон бифурӯшад, ки бамаротиб дастрасу арзон аст. Даҳ сол қабл 1000 куб қимати гази Ӯзбекистон то ба 340-360 доллари ИМА баробар буд ва аз он аксари тоҷикистониён баҳраманд буданд”,  - илова кард  директори ҶСП “Сомон Суғдгаз” Абдулҳаким Сӯфиев.

Манбаъ мегӯяд, дар вилояти Суғд беш аз 800 километр дарозии қубурҳои газгузар мавҷуд аст, ки беш аз 400 километри он дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Корҳои барқарорсозии қубурҳои фарсудашуда, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос мондааст ҳоло дар ин шаҳр дар арафаи анҷомёбист ва рӯзҳои наздик сокинон ба гази Ӯзбекистон дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Мо қубурҳои газгузаро то назди биноҳои истиқоматӣ  мебарем ва боқимонда корҳоро сокинон худшон анҷом медиҳанд, бе ягон мамониат онҳо бо газ таъмин мегарданд. Танҳо дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 400 чоҳи газӣ мавҷуд аст, ки қубурҳои онро куллан иваз карда истодаем. То охири сол сокинони шаҳри Хуҷанд ба пуррагӣ бо гази табиӣ таъмин мешаванд ва ҳоло газ аллакай ба корхонаҳои саноатӣ омадааст. То охири соли 2020 тасмим дорем, сокинони шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пурра бо газ таъмин намоем”, - мегӯяд директори ширкати “Сомон Суғдгаз”.

Ба муносибати оғози интиқоли гази табиии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд рӯзҳои наздик давоми чанд дақиқа гулхан ва ё худ оташи “Рамзи шодӣ” фаъол мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.